МУБОРАКБОДИИ Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Салимзода Нусратулло бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз навгониҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон ба ҳисоб рафта, саҳми он дар болоравии ҳисси худшиносии шаҳрвандон арзанда аст.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳтироми ин муқаддасоти миллӣ мунтазам таъкид медоранд, ки «Парчами давлатӣ  муаррифгари тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва мояи ифтихори мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мебошад».

Парчами давлати соҳибихтиёри мо  нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик буда, ҳар як фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ва арҷ гузорад. Воқеан, Парчами давлатӣ омили муайянкунандаи ҳувияти миллӣ ва тақвият пайдо кардани ҳисси милливу ифтихори ватандорӣ дар шуури ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.

Халқи тоҷик баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар давраи ниҳоят вазнину ҳассоси ҳаёти халқамон, яъне зимни баргузории Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни масъалаҳои муҳимтарин Парчами давлатии худро интихоб ва қабул кард, ки он мардуми моро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ сафарбар намуд. Сарвари тозаинтихоби давлат, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми қабули вазифа чун рамзи эҳтиром Парчамро бӯсида, дар назди он қасами сулҳовари худро эълон намуданд.

Моҳият ва тартиби истифодаи расмии Парчами давлатӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки 12 майи соли 2007 ба имзо расидааст, танзим карда шуда, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз соли 2009 инҷониб санаи 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Имрӯз барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик парчам сарчашмаи нерӯву тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва сармояи ғуруру ифтихори миллӣ мебошад. Яъне Парчами давлатӣ сокинони кишвари моро дар майдони ободониву созандагии Ватан муттаҳид намуда, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии онҳоро тавсеаву тақвият мебахшад.

Қобили зикр аст, ки баъди бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе парафшон гардидидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165метр, солҳои охир бунёди майдонҳои Парчами давлатӣ ва парафшон намудани ин рамзи муқаддас дар маркази шаҳру деҳоти кишвар ба ҳукми анъана даромад. Айни ҳол дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар маркази деҳоти Ҳ.Усмонов, Хистеварз, Ғозиён ва Унҷӣ дар пояи 50-55 метр Парчами давлатӣ парафшонӣ дошта, соли равон дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи ҳуҷастапай дар маркази деҳоти сарҳадии Овчиқалъача майдони Парчами давлатӣ ба истифода дода шуд. Бо мақсади татбиқи амалии нақшаи чорабиниҳои корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия – ҷамоати шаҳраки Ғафуров майдони Парчам ва Нишони давлатӣ бунёд карда шуд, ки маросими расман ба истифода додани он дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт. Парафшонии Парчами давлатӣ ва ҷилои Нишони давлатӣ дар маркази ноҳия ба симои муосири шаҳрдорӣ таровати меъмории нав зам намуда, эътимоди комил дорам, ки дар раванди баландбардории ҳуввияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстии сокинон саҳми арзишманде мегузорад ва ин мавзеъ минбаъд ҳамчун як мавзеи хуби фарҳангӣ ва истироҳатии шаҳрвандон хизмат менамояд. Қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки ин мавзеъҳои нодиру муқаддасро эҳтиёт ва боз ҳам ободтар гардонем.

Ҳамдиёрони азиз!

Парчам дар ҳақиқат рамзи давлатдорӣ, шукӯҳи миллӣ, нангу номуси ватандорӣ мебошад. Дар ин рӯзҳои идона таманнои онро дорам, ки Парчами Тоҷикистон ҳамеша баланду парафшон бошад ва тавре дар Суруди миллии мо ишора мешавад, ба зери он мо саф кашида бошем ва дар сояи он барои ояндаи неку ҷовидони Ватани азизи худ саъю талош намоем.

Бигзор, Парчами давлатии кишвари мо, ки далели  пойдор будани сулҳу субот, соҳибихтиёрӣ ва пешрафту шукуфоии давлату миллатамон аст,  бар фарози Тоҷикистон ва мардуми шарифи он то абад парафшон бошад!

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фархунда бод, ҳамдиёрони азиз!

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.