ТАВАҶҶУҲ!!!

Ба диққати падару модарон ва ҷавонписарони синну соли хизмати ҳарбӣ (соли таваллудашон 1997-2007), ки тибқи қонунгузории кишвар ӯҳдадоранд дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намоянд, расонида мешавад, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маъракаи қабул ба курсҳои ройгони ронандагӣ (дараҷаи "В" ва "С") дар Ташкилоти мададгори мудофиа (ДОССАФ) оғоз гардидааст.

 

Шаҳодатномаҳои ронандагӣ пеш аз сафарбарӣ ба хизмати ҳарбӣ дар фазои тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров супорида мешаванд.

Хоҳишмандон метавонанд барои номнавис шудан ба Комиссариати ҳарбии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муроҷиат намоянд.

Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ

"Паёми Президент - ифодагари ормонҳои деринаи халқ" чунин буд мавзӯи Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ, ки санаи 18.01.2024 дар ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташкилу баргузор гардиданд.

Дар баргузории мулоқоти сокинони деҳоти Исфисор аъзои гурӯҳи тарғиботии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Одинаев Алиҷон ва Бобоҷонова Дилбар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.