Санаи 20 апрел тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва бо ташаббуси Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ дар бинои маркази фароғативу истироҳатии“Дидор” бо иштироки ятимони кулли ноҳия ҳамоиш таҳти унвони “Пешвои миллат –ғамхори ятимон” баргузор гардид.

Дар ҳамоиш раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ иштирок намуда, зикр дошт, ки “Шумо ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозед, ки фарзандони азизи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастед.  Ягон мушкилии зиндагӣ садди роҳи шумо намегардад. Зеро, ки ҳамаи шумо падараи ғамхору меҳрубон– Пешвои миллати худро доред.

Ҳамзамон, аз ҷониби иштирокчиёни ҳамоиш миннатдорӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззамӣ кишвар, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои ҳамешагӣ ва ғамхориҳои падарона баён гардид.

Сипас иштирокдорони ҳамоиши ҷумҳуриявии ятимони кулл таҳти унвони «Пешвои миллат-ғамхори ятимон» аз боғи-фарҳанги ва фароғатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдаки дидан карданд.

Дар охири чорабинӣ барномаи фарҳангии “Шоми ҷавонӣ” бо иштироки аҳли фарханг баргузор гардид.

Хотиррасон менамоем, ки дар ноҳия наздик ба 130 ҳазор нафар ноболиғон умр ба сар мебаранд, ки аз онҳо 56 нафарашон ятими кулл мебошанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз16
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1061
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта2437
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта4557
mod_vvisit_counterҲамин моҳ22472
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта30740
mod_vvisit_counterҲамагӣ459529