Шоми 22 май дар назди Қасри фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  бо иштироки васеи ҷавонон, гирандагони стипендияи Раиси ноҳия, сокинон  ва кормандони идораву ташкилотҳои гуногуни ноҳия  ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ доир карда шуд, ки дар он Раиси ноҳия Зариф Назирӣ ва сардори раёсати асноди ҳолати шаҳрванди дар вилояти Суғд М.Ҳошимзода  ширкат варзиданд.

Сараввал  сардори раёсати асноди ҳолати шаҳрванди дар вилояти Суғд М.Ҳошимзода номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи ҷавонон ба саъми ҳозир расонид. Аз ҷумла афзуд, ки "Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯи созанда, иқдомҳои бунёдкорона, ташаббусҳои наҷиби ҷавонон ва қобилияти баланди зеҳниву ҷисмонии онҳо эътимоди комил доранд ва ғамхорӣ дар ҳаққи насли ояндасози миллатро самти меҳварии фаъолияти худ қарор додаанд".

Сипас, раиси ноҳия Зариф Назирӣ ҷавонони ноҳияро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуда зикр дошт, ки дар доираи амалисозии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат бо баҳрамандӣ аз ғамхориҳои давлат ва ҳукумати мамлакат ҳамасола сатҳи донишу фарҳанги ҷавонон боло рафта, дар муассисаҳои олии кишвар дар маҷмўъ 9975 – нафар фарзандони ноҳияамон мақоми донишҷўиро касб намуда, 1155-нафари дигар дар макотиби олии хориҷи кишвар бо муваффақият таьсил менамоянд. Ҳамчунин тариқи Квотаи Президентӣ 160-нафар ба муассисаҳои олии ҷумҳурӣ дохил гардида, то ин дам 72 -нафари онҳо соҳибихтисос гаштанд.

Баъдан барои ҳавасмандкунии ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ  ба  32 нафар ҷавонон кӯмакҳои яквақтаи Раиси ноҳия  тақдим карда шуд.

Чорабинӣ бо барномаи зебои фарҳангӣ ва ҳунарнамоии ҳофизону ҳунарварони маъруф ба поён расид.

Хотиррасон менамоем, ки ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа ва асоси пойдории миллат ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, чун анъана ҳар сол Рузи ҷавононро дар ҳамаи манотиқи вилояту ҷумҳуриамон бо тантана қайд мекунанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз18
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1061
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта2439
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта4557
mod_vvisit_counterҲамин моҳ22474
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта30740
mod_vvisit_counterҲамагӣ459531