Дар партави мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,  Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 12 майи соли равон бо намояндагони аҳли ҷамоатчигии кишвар баргузор гардид, тибқи дастуру супориши  Раиси ноҳия Зариф Назирӣ  санаи 24 май дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки  беш аз 300 нафар фаъолзанони  ноҳия мулоқот баргузор гардид.

Мулоқотро муовини Раиси ноҳия  Малоҳат Бобозода оғоз намуда оид ба масъалаҳои ташвишовари имрӯза аз қабили пешгирии худкӯшиву худсӯзӣ, ҷудошавии оилаҳо, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳо  ибрози андеша намуда, ҳозиринро ба тарғиб кардану амалӣ гардонидани корҳои хайру савоб ба шахсон ва  оилаҳои ниёзманд даъват намуд.

Дар мулоқот инчунин, кору фаъолияти шӯрои муросои ҷамоатҳои Хистеварзу Ёва мавриди барраси қарор дода шуда пешниҳод гардид, ки таҷрибаи онҳо дар дигар ҷамоатҳои ноҳия низ ба роҳ монда шуда, дар ҳар як деҳаҳои ҷамоат чунин шӯро таъсис дода шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1027
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1360
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта1027
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта5410
mod_vvisit_counterҲамин моҳ22422
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта30740
mod_vvisit_counterҲамагӣ459479