Санаи 10 январи соли 2019 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маҷлиси фаъолон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2018 баргузор гардид.

Маҷлис таҳти раёсати раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ, муовини раиси Кумитаи давлатии замин ва геодезии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Зикриё Абдуллозода ва муовини Раиси вилояти Суғд Хоҷазода Ориф Ашурӣ доир гардид.

Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2018 муовини якуми раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Орифӣ Фаррух Абдулозода бо маърӯза баромад намуд.

Дар музокираронӣ сардори раёсати кишоварзии ноҳия – Ҳакимбов Ҳомид, мудири бахши саноат, энергетика ва нақлиёти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – Каримов Аъзам, мудири шуъбаи маорифи ноҳия – Бобоева Дилбар, сардухтури шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия – Қосимова Малика иштирок намуданд.

Инчунин аз тарафи Раиси ноҳия роҳбарони ташкилоту муассисаҳои саноативу кишоварзӣ, раёсати омор, идораи давлатиибеҳдошти замин ва мелиоратсия, раиси кумитаи идораи замин, раиси хоҷагии ба номи С.Урунхоҷаев, сардухтури беморхонаи марказии ноҳия, раисони ҷамоатҳои Исфисор ва Чашмасор пурсиш ба амал оварда шуда, ҷиҳати беҳтар намудани фаъолият супоришҳо дода шуд.

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Абдуллозода З. ва муовини Раиси вилояти Суғд Хоҷазода О.А. дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои роҳбарият вазъи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияро дар давраи соли сипаришуда таҳлил намуда, барои афзун намудани дастовардҳо барору комёбиҳо таманно намуданд.

Дар охир барои амалӣ гардонидани нақшаҳои минбаъдаи фаъолият раиси ноҳия Зариф Назирӣ дар назди ҳозирин вазифагузориҳо намуд.

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1022
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1360
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта1022
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта5410
mod_vvisit_counterҲамин моҳ22417
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта30740
mod_vvisit_counterҲамагӣ459474