18 январи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо раванди корҳои ободониву созандагӣ шинос гардид.

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар гӯшаву канори мамлакат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ сохтмони як қатор иншооти гуногун идома дорад. Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳия бо мабалағгузориҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёди Қасри фарҳанг, майдони Парчами давлатӣ ва бинои муолиҷавии Беморхонаи ноҳиявии рақами 3 бомаром ҷараён дорад.

Тавре ҳангоми шиносоии Раиси вилоят бо рафти корҳои сохтмонии Қасри фарҳанги ҷамоат иттилоъ дода шуд, иншооти фарҳангӣ тибқи лоиҳа дорои 400 ҷойи нишаст буда, дар он ташили 20 утоқи кориву ёрирасон ба назар гирифта шудааст. Фармоишгари иншооти мазкур Идораи сохтмони асосии вилоят ва пудратчӣ ҶДММ “РС Барқарор” мебошад.

Сипас, Раиси вилоят рафти бунёди майдони Парчами даватии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар шафати Қасри фарҳанги ҷамоат ҷараён дорад, мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Майдони мазкур дар масоҳати як гектар сохта шуда, дорои гулгашту нишастгоҳҳо ва фаввораҳо хоҳад буд, ки ба ҳусни ҷамоат шукуҳи хоса зам менамояд.

Дар идомаи боздид Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони бинои муолиҷавии Беморхонаи ноҳиявии рақами 3 аз наздик шинос гашт. Фармоишгари ин иншоот Идораи сохтмони асосии вилоят ва пудратчии он ҶДММ “Еврострой” мебошад. Мувофиқи нақша бинои беморхона аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар таҳхонаи он таҳлилгоҳ, утоқҳои рентгенӣ ва физиотерапевтӣ ҷойгир карда хоҳад шуд. Дар ошёнаи якум маъмурият, қабулгоҳ ва ташхисгоҳ, дар ошёнаҳои болоӣ бошад шӯъбаҳои беморхона ҷойгир карда мешавад.

Пас аз шиносоиҳо бо раванди корҳои сохтмонӣ Раиси вилоят ба масъулин барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо, ба кабудизоркунӣ фаро гирифтани ҳудуди иншооти сохташаванда ва тақвияти корҳо дар самти ободонии маҳал дастуру супоришҳо дод.

Пасон, Раиси вилоят дар ҷамоати мазкур бо фаъолияти гармхонаи соҳибкорони маҳаллӣ мароқ зоҳир намуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар  гармхона гулҳои гуногуни мавсимӣ парвариш карда мешавад. Раиси вилоят бо изҳори қаноатмандӣ аз фаъолияти гармхона ҷиҳати дар оянда низ ташкил намудани чунин гармхонаҳо ва ҳарчӣ бештар ташкил намудани ҷойҳои корӣ ба соҳибмулк тавсияҳои муфид дод.

Худи ҳамин рӯз Раиси вилоят аз Муассисаи давлатии кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд низ боздид ба амал овард. Муассисаи давлатии кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд дорои беш аз ҳашт гектар замин буда, дар гармхонаҳои муассиса парвариши гулҳои мавсимӣ ба роҳ монда шудааст.

Бояд таъкид кард, ки пеш аз ин ҳам Раиси вилоят аз муассисаи мазкур боздид намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта буд. Тавре мушоҳида гардид, айни замон дар заминҳои муассиса шинонидани ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз ҷараён дошта, барои самаранок истифода бурдани заминҳои холимонда тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодааст.

Бо назардошти талаботи рӯзафзун ба ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз дастур дода шуд, ки дар муассиса парвариши беш аз 30 ҳазор ниҳолҳои ороишӣ ба роҳ монда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз14
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1061
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта2435
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта4557
mod_vvisit_counterҲамин моҳ22470
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта30740
mod_vvisit_counterҲамагӣ459527