Print

Рӯзҳои 21-22 март дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тантанаҳои наврӯзӣ доир мегардад

Рӯзҳои 21-22 март дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тантанаҳои идона ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз баргузор мегардад.

Дар доираи баргузории Иди байналмилалии Наврӯз дар маркази шаҳру ноҳияҳо, гулгашт ва боғҳои фарҳангу фароғатӣ ташкили сайру гашти оммавӣ, барномаҳои фарҳангии ҳунармандон, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, гузаронидани бозиҳои миллӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ дар назар дошта шудааст.