Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Паёми табрикотии Раиси ноҳия Зариф Назирӣ ба муносибати Иди саиди Фитр

E-mail Печать PDF
There are no translations available.


Ҳамдиёрони азиз!

Ҳамаи сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба муносибати Иди саиди Фитр табрику муборакбод намуда, барояшон саломативу сарбаландӣ ва саодати зиндагиро таманно менамоям.

Моҳи шарифи Рамазон, моҳи кушоиши дарҳои раҳмату мағфират, файзу баракат, хайру саховат аст. Шоистаи зикр аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мардуми кишвар дар қатори кулли мусулмонони ҷаҳон Иди саиди Фитрро ба таври шоиста ҷашн мегиранд.


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, санаи 12-уми майи соли ҷорӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон аз манбаъҳои исломӣ бо мақсади ҷалби мардуми кишвар ба аҳлию муттаҳидӣ, дасти ёрӣ ва саховатмандӣ дароз намудан ба ятимону эҳтиёҷмандон, ҳимоят кардан аз дину оини худ аз ҷумла ояту сураҳои Қуръони маҷид, ҳадисҳои Расули акрам (с.а.в) вобаста ба маърифати ислом ва моҳи мубораки Рамазон истифода намуданд.

Бахусус, дар моҳи шарифи Рамазон, ки Офаридгор дар каломи осмонии худ онро айёми иҷобати дуо, қабули тавба ва амалҳои хайру савоб донистааст, мардуми мо кўшиш мекунанд, ки фазилатҳои парҳезу накўкориро бештар риоя кунанд, аз аъмоли зишт худдорӣ намоянд, ба аёдати падарону модарони худ ва беморону ранҷурон раванд ва шахсоне, ки тавону имконашон бештар аст, ба ятимону маъюбон ва камбизоатону дармондагон дасти мададу ёрмандӣ расонанд.

Имрузҳо  баҳри иҷроиши он садҳо маюбон, собиқадорони ҷангу меҳнат кӯдакони ятиму бепарасторон бо маводҳои хӯрокаву кӯмакҳои моддӣ мавриди аёдат қарор гирифтаанд.

Имсол иди саиди Фитр дар арафаи таҷлили 21-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ фаро мерасад, ки ин рамзӣ аст. Зеро мусулмонон пас аз як моҳи сабру таҳаммул ба ваҳдати вуҷуди хеш мерасанд ва ин омили аслии Ваҳдати миллӣ аст.

Дар  доираи иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар сатҳи баланд омодагӣ гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1300 рӯзи ободонию созандагӣ эълон гардидааст, ки баҳри иҷроиши он имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои ободониву кабудизоркунии маҳалли зист идома дошта, ҷиҳати анҷоми  корҳо аз ҷониби роҳбарияти ноҳия низ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешавад.

Бори дигар ҳамаи Шуморо  бо Иди саиди Фитр табрик гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаол барои ҳар як хонадон файзу баракат, бахту саодат, рӯзгори обод ва саломатию осудагӣ орзу мекунад.

Бигзор сулҳу субот, оромиву осоиш, файзу баракат ва фаровонии рўзгор дар Ватани маҳбубамон ҳамеша ҳукмфармо бошад.

Худованд ҳамаи шуморо аз меҳрубониаш сарфароз гардонад, бароятон имони комил, ақли бедор, дили лабрези меҳру шафқат ва дасти расои хайру сахоро ато намояд!

Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони азиз!

 

Председатель района

Председатель района ...........

Фамилия, имя,

отчество

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Поиск