КӮШИШ БАҲРИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ . ХАБАРҲОИ РӮЗ:

- Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров минтақаи агросаноатӣ буда, соҳаи кишоварзӣ аз самтҳои афзалиятноки ноҳия маҳсуб меёбад ва барои рушди соҳа ҳамарӯза тадбирҳои саривақтӣ роҳандозӣ мегарданд. Бо мақсади шиносоӣ аз корҳои омодагии саҳроӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нусратулло Салимзода аз заминҳои саҳроии ҶСШК «А.Ҷумъаев» ва минатақаи Рухаки деҳоти Ғозиён боздид ба амал оварда, ҷиҳати саривақт анҷом додани корҳои яхобмонӣ, интихоби тухмиҳои босифат, кишти барвақтӣ, кушодани заминҳои нав ба бунёди боғу токзор ва дигар масъалаҳои соҳа ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

 

- Дар ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истиқболи 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои бунёдкориву созандагӣ ҷараён дошта, ҷиҳати шиносоӣ бо раванди корҳои татбиқшаванда иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нусратулло Салимзода аз ин деҳот дидан кард. Нахуст раиси тозаинтихоб аз муассисаҳи маорифу тандурустӣ дидан намуд. Масъулони соҳа аз вазъи соҳаҳо дар ин минтақа иттилоъ дода, аз эҳтиёҷот низ ибрози назар намуданд. Сипас, Нусратулло Салимзода бо фаъолони маҳал мулоқот намуд.

 

- Нусратулло Салимзода, иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо кормандони муассисаи давлатии «Сарраёсати ободонӣ, кабудизоркунӣ ва хоҷагии манзилию комуналӣ» - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқот намуд. Мавсуф аз корҳои ҳамарӯзаи кормандони ин муассиса, ки дар тозагии маҳал саҳми арзанда мегузоранд изҳори қаноатмандӣ намуда, ба поккорон арзи миннатдорӣ намуд. Ҳамчунин аз роҳҳои протоколии ноҳия дидан карда, барои таҳким ва тақвияти корҳо дар ин муассиса масъулинро вазифадор кард.

 

- Ангурпарварӣ яке шаклҳои серҳосил ва даромадноки соҳаи кишоварзӣ буда, барои таъмини бозори дохилӣ ва ҳам содирот яке аз шаклҳои самаррабахш ба ҳисоб меравад. Андешидани тадбирҳои судманд ба ин шакли хоҷагидорӣ манфиатбахш буда, бунёди токзор дар заминҳои бекорхобида ва барқарор намудани токзорҳои куҳна саривақтӣ мебошад, - зикр дошт, Нусратулло Салимзода иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, зимни вохӯрӣ бо кишоварзону ангурпаварони деҳоти Сомғор.  Гуфта шуд, ки минтақаи ҷамоати деҳоти Исмоил ва Дадобой Холматови ноҳия Бобоҷон Ғафуров ба ангурпарварӣ мусоид буда, кушодани токзор мувофиқи мақсад мебошад. Дастур дода шуд, ки хоҷагидорон ҳари зудтар бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ангурпарварони соҳибтаҷрибаро сарҷамъ намуда, барои кушодан ва барқарор намудани токзорҳо тадбирҳо андешанд.

 

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

 

 

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.