Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Сафарбарнамоии 122 нафар ҷавонони ихтисосманди н.Б.Ғафуров ба хизмати ҳарбӣ

E-mail Печать PDF
There are no translations available.

Дар давраи дуюми даъвати тирамоҳӣ 122 нафар ҷавонон, ки аз мактаби ташкилоти Мададгори мудофии вилоят ройгон таълим гирифтаю соҳибихтисос шудаанд, ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шудаанд.

Тайёрӣ дар мактабҳо, тақвият ёфтани кори дарсҳои таълимии омодагии дифоъ ва баргузории чорабинию озмунҳо, ташкили маҳфилҳои ватанпарварӣ  омили аз нигоҳи ҷисмонӣ ва донишу маҳорат омода шудани ҷавонон ба хизмат аст.

Бо дарназаргирии ин омил бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баҳри пурра омода будани даъватшавандон ба коидаҳои хизмат дар Артиши миллӣ, дар ҳамкори бо комиссариати ҳарбӣ ба касбомўзӣ чалб намудани ҷавонону соҳибкасб намудани онҳо то давраи сафарбарнамоӣ ба хизмати ҳарбӣ амалӣ карда шуданд. Давоми се моҳ тибқи роҳхат 122 нафар ҷавонон аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳри Хуҷанд рондани нақлиёт, кор бо мошинҳои зереҳпўш ва дигар қоидаҳои хизмат дар Артишро ройгон аз худ намуда, барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумхурии Тоҷикистон омода гардиданд. Дар назди бинои Комиссариати ҳарбии ноҳия бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, масъулини комиссариати харбӣ ва волидайни даъватшавандагон ҷамъомад доир гардид. Дар рафти он дипломи хатми курсҳои омодагии Ташкилоти мададгори мудофиа дар вазъияти тантанавӣ ба хатмкунандагон супорида шуд ва ҷавонони соҳибтахассус ба хизмати ҳарбӣ  гусел карда шуданд. Ин ва дигар корҳои тарғиботию ташвиқоти натиҷаи онро дод, ки дар н.Б.Ғафуров имрўзҳо ҷавонони синни даъватӣ бо тавсияи волидайн ва хоҳиши худ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир мешаванд, ки ин ба иҷрои саривақти нақшаи даъвати ҳарбӣ мусоидат мекунад.

 

Председатель района

Председатель района ...........

Фамилия, имя,

отчество

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Мо дар Facebook

Поиск