Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Изҳороти муассисаи тахсилоти миёнаи умумии №34 ҷамоати Хистеварз нисбат ба амалҳои ифродгаронаи ТЭТ ҲНИТ

E-mail Печать PDF
There are no translations available.

Кулли устодон ва омузгорони муассисаи тахсилоти миёнаи умумии №34 амалиёти ифротгаронаи ТЭТ ҲНИТ-ро махкум менамоем. Ба хама максади асосии ҲНИТ нихоят ошкор гардид, ки он аз даъватхои оммавӣ ва барангехтани       кинаю    адоват,  низоъи миллӣ, халалдор сохтани сохтани сиёсати ҷамъиятӣ ва амнияти давлат иборат аст.


Ин ҳизб чунин аст, ки харгиз ба қадру манзалати сулху ваҳдат, оромию осоиштагӣ ва ба дастовардхои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ нарасида буд, ки мо омӯзгорони муассиса аз он изҳори таассуф менамоем. Ҳақиқатан хам, он роҳе, ки дар давоми 26 сол халқи тоҷик бо рохбарии Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми таърихи миллати куҳанбунёду аҷдодиамон беназир мебошад. Дар давоми ин солхо чанд неругоҳҳову роҳҳо, нақбҳову корхонаҳо, беморхонаҳову муассисаҳои таълимию фархангӣ бунёд ва азнавсозӣ гардиданд.

ТЭТ ҲНИТ ва пайравонаш ҳаргиз сулҳу ваҳдати моро, оромию осоиштагии моро ва хандаи беғаши кудакони моро халалдор карда наметавонанд.

Маҳз бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат имрӯзҳо дар тамоми кишвари азизамон корҳои ободию созандагӣ пеш рафта истодааст.

Мо омӯзгорон, фаъолияти худро баҳри тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯсти, ҳифзи обу хоки Ватан ва бедор намудани арзишҳои миллӣ, донишомӯзиву азхудкунии технологияи муосир, тарғиби фарҳанги пурғановати миллӣ, тарзи ҳаёти солим ва омӯхтани ҳунарҳои мардумӣ равона менамоем.

Мо омӯзгорон, ва устодони МТМУ № 34 ҷавобан ба боварии давлату ҳукумат ваъда медиҳем, ки баҳри ҳифзу ободии Ватан пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳем.

Ҳаргиз намегузорем, ки душманон ба мақсади разилонаи  худ бирасанд.  Бо қатъият изҳор менамоем, ки ҳеҷ гоҳ нақшаҳои ноадолатонаи  ТЭТ ҲНИТ амалӣ намешаванд!

 


 

Председатель района

Председатель района ...........

Фамилия, имя,

отчество

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Поиск