Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Ҷамоати деҳоти Чашмасор

E-mail Печать PDF
There are no translations available.

Чашмасор (Ӯткансой) аз ҷамоатҳои дурдасти ноҳия ба шумор меравад. Маркази он деҳаи Мирзоработ аз маркзи ноҳия дар дурии зиёда аз 40 километр ҷойгир шудааст. Шӯрои қишлоқ соли 1958 таъсис ёфтааст, ки он вақт ба ҳудуди ноҳия Мастчоҳ ворид мешуд. Аҳолии ҷамоатро асосан ӯзбекон ташкил медиҳанд. Ҳоло теъдоди онҳо 10121 нафар мебошанд. Моҳи октябри соли 1974 Чашмасор ҳамчун деҳшӯро ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузаронида мешавад. Деҳаҳои ҷамоат, ки аз 34-то иборат мебошанд, ки аз маркази ҷамоат дар дурии то 52 километр воқеъ гардиданд. Аз сабаби он ки аҳолии Ҷамоат ӯзбекзабонанд, номи деҳаҳо бо забони ӯзбекӣ номгузорӣ шудаанд: Қатарбулоқ, Ҳулбубулоқ, Айнабулоқ, Дӯнгбулоқ, Қизилбулоқ ва ғайра. Ҳамчунин аз сабаби он ки минтақаҳои аҳолинишини Ҷамоат дар доманакӯҳҳо ҷойгир шудаанд ва аз оби чашмаҳо истифода мебаранд, номи деҳаҳо бо калимаҳои ӯзбекии «булоқ» номгузорӣ карда шудаанд. Калимаи «булоқ» ба забони тоҷикӣ маънои «чашма»-ро дошта, номи деҳаҳо маънои «Чашмаи сурх», «Чашмаи соф» номи деҳаи Ӯткансой ба номи зебои тоҷикии Чашмасор иваз карда шуд. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, ҷиҳати густариши равандҳои худшиносии миллӣ ва қадимияти марзу бум номи деҳаҳо бо забони давлатӣ номгузорӣ карда шуда, дар асоси дархосту пешниҳодоти мардуми маҳал номи ҳамаи деҳаҳо иваз карда шуданд. Имрӯз дар ҳудуди ҷамоат 13 мактаб, беморхона дорои 25 кат ба мардуми ҷамоат хизмат мерасонад. Дар қаламрави ҷамоат клуб ва нуқтаҳои савдо мавҷуд мебошанд. Мардуми деҳаҳои ҷамоат асосан ба чорводорӣ, ғаллакорӣ ва қисман ба боғдорӣ шуғл меварзанд.

 

Председатель района

Председатель района ...........

Фамилия, имя,

отчество

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Мо дар Facebook

Поиск