Фестивали ҷавонони хориҷӣ таҳти унвони "Дӯстии ҷавонон поянда бод!" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва 20 - солагии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ки имсол Тоҷикистон Раёсати созмони мазкурро ба уҳда дорад, таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!» сеюмин Фестивали фарҳангии ҷавонони хориҷӣ доир гадид.

Ҳадаф аз баргузории фестивали мазкур мустаҳкам намудани дӯстии ҷавонони ҷаҳон, ҳамгироиву ҳамдигарфаҳмӣ, муаррифии фарҳангҳои ҳамдигар ва тақвият додани ҳамкориву дастгирии ҷавонони олам мебошад.

Фестивали фарҳангии ҷавонони хориҷӣ тибқи барнома рӯзҳои 17-19 марти соли 2021 аз ноҳияи Айнӣ шурӯъ шуда, баъдан дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Хуҷанд, Масчоҳ ва Бобоҷон Ғаффорови вилояти Суғд идома ёфт.

Иштирокчиёни чорабинӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ дидан намуданд. Роҳбарияти ноҳия меҳмононро хубу хотирмон истиқбол гирифтанд. Гуруҳи ҷавонон дар ноҳияи Б.Ғафуров аз макони таърихиву фарҳангиву сайёҳии Қасри маданияти Арбоб, Боғи милии Ваҳдат боздид намуданд.

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.