Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Ҷамоати деҳоти Зарзамин

E-mail Печать PDF
There are no translations available.

Ҷамоати деҳоти Зарзамин соли 1965 ташкил шудааст. Масоҳати умумии ҷамоат 306 га мебошад. Шумораи ахоли ба 01.01.2013 – 12631 нафар буда, аз 2191 хоҷагӣ иборат аст. Қисми зиёди аҳолиро ӯзбекон ташкил медиҳанд. Дар ҳудуди ҷамоат 1 шӯъбаи алоқа, 11 муассисаҳои хизматрасони, 2 мактабҳои таҳсилоти умумӣ, 1 беморхона, 1 маркази саломати ва 1 масҷиди панҷвақта фаъолият менамояд. Ҷамоати мазкур яке аз деҳоти ободи ноҳия ба ҳисоб рафта, дар қисми шарқии ноҳия дар соҳили дарёи Сир ҷойгир шудааст. Фарзандони Зарзамин дар ободонии водии Вахш, Мирзочӯл ва Дилварзин хеле калон аст ва номи фарзандони диёрамон Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, собиқ раиси хоҷагии Ҷданови ноҳияи Қумсангир Абдурозиқ Раҳмонов, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Тӯхта Пӯлодова, устоди пахтаи Ҷумҳурӣ Ш.Ортиқов, Ф.Тӯрабоева, агрономи шоистаи Тоҷикистон, собиқ раиси хоҷагии ба номи О.Убайдуллое Р.Юлдошев, иқтисодчии хизматнишондодаи Тоҷикистон Э.Қодиров, дорандаи ордени Ленин Э.Юсупов, Ҷӯра Бозоров, А.Юсупов ва дигар садҳо диловарони Ватан мебошанд. Дар солҳои 70-80-уми садаи 20 мардуми Зарзамин дар соҳаи кишоварзӣ натанҳо дар ноҳия, дар вилоят ва Ҷумҳурӣ ҳосилнокии пахтаро аз ҳар як гектар то 45 сентнер расониданд. Дар даврони Истиқлолият бо дасти деҳқонони Зарзамин садҳо гектар боғҳо шинонида шуда, обод карда шуда истодааст.

 

Председатель района

Председатель района ...........

Фамилия, имя,

отчество

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Мо дар Facebook

Поиск