Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Маълумотнома

E-mail Чоп PDF

Маълумотнома
оид ба фаъолияти гурӯҳи тарғиботии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Баҳри дар амал татбиқ намудани амри Раиси ноҳия аз 18.01.2013, №13 «Дар бораи таъсиси гурӯҳҳои тарғиботии ноҳиявӣ» санаи 7 феврали соли 2013 дар шаш ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия мулоқоту вохӯриҳои аҳолӣ бо гурӯҳҳои тарғиботии ноҳия ҷараён гирифт.

  • дар маҷлисгоҳи МТМУ №57-и Ҷамоати деҳоти Исфисор бо иштироки мудири бахши оид ба корҳои дин Ғаниев Н. ва раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Дадоҷонов К. бо ҷалби 80 нафар аҳолӣ;
  • дар маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Зарзамин бо иштироки мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Халифаев П., мудири шӯъбаи ташкилии кумиҷроияии ҲХДТ дар ноҳия Акрамов А. ва сармутахассиси бахши фарҳанги ноҳия Саидова М. бо ҷалби 70 нафар аҳолӣ;
  • дар чойхонаи деҳаи Қалъачаи Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача бо иштироки сармутахассис оид ба корҳои дини шаҳраки Ғафуров Ҳакимов Ҳ. ва аъзои иттифоқи ҷавонони ноҳия Одинаев А. бо ҷалби 60 нафар аҳолӣ;
  • дар маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Ёва бо иштироки мудири бахши фарҳанги ноҳия Дамонова М. ва сармутахассис оид ба корҳои дини Ҷамоати деҳоти Исфисор Тошматов А. бо ҷалби 80 нафар аҳолӣ;
  • дар маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Хистеварз бо иштироки сармутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Илмаминов В. ва шоир Темурмалик Рустамов бо ҷалби 80 нафар аҳолӣ;
  • дар маҷлисгоҳи Ҷамоати шаҳраки Ғафуров бо иштироки мудири шӯъбаи ташкилии кумиҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Акрамов А. ва директори МТМУ №19 Исоқов Ф. бо ҷалби 50 нафар аҳолӣ мулоқотҳои судманд баргузор карда шуд.

Ҳамчун маводи тарғиботӣ ба гурӯҳҳои тарғиботии ноҳия нусхаи Протоколи ҷаласаи якҷояи Машварати назди раиси вилояти Суғд ва Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд аз 27 ноябри соли 2012 дастрас карда шуда, дар мавзӯи «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ…» бо аҳолӣ оид ба пешгирии ҳолатҳои даст задании шаҳрвандон ба худкушӣ, вазифаҳои аҳли ҷомеа оид ба пешгирии ҳамаи ҳодисаҳои номатлуб, ки ҷамъиятро ба ташвиш овардааст, суханрониҳо баргузор карда шуд. Инчунин дар мисоли амалиётҳои террористие, ки рӯзҳои наздик аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят бақайд гирифта шуда буданд, оид ба ҳифзу нигаҳдошти дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии ҷамъомада ҳидояту ғамхориҳои роҳбарияти ҷумҳуриву вилоят расонида шуда, оид ба оммавӣ гардонидани ҳадафҳои баргузории мулоқоту вохӯриҳо даъват ба амал оварда шуд.

Аз тарафи шаҳрвандон оид ба ташкил намудани мулоқотҳо доири мавзӯъҳои хушунати оилавӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, таъсиси ятимхонаҳо барои кӯдакони зери хушунати оилавӣ гирифторшуда ва ҷалби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба мулоқотҳо дархосту пешниҳодҳо иброз гардид. Мулоқотҳои гурӯҳҳои тарғиботии ноҳия тибқи ҷадвали тасдиқгардида идома хоҳад ёфт.

 

Ҷустуҷӯ