Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Мулоқотҳои судманд

E-mail Чоп PDF

Бо мақсади оммавӣ гардонидани ҳадафҳои асосии давлати демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба таври васеъ паҳн намудани нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ, тақвият бахшидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлолият раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мирхолиқов С.Т. дар Ҷамоатҳо бо аҳолӣ мулоқоту вохӯриҳо доир намуда истодааст. Чунин мулоқоту вохӯриҳои раиси ноҳия ҳафтаи сипаригардида дар Ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмонов ва Унҷӣ доир карда шуданд.

Дар ҷамъомадҳои баргузоргардида раисони маҳаллаҳо, имомҳои масҷидҳои ҷомеъву панҷвақта, бибиотунҳо, раисони Шӯроҳои занон, вакилони Ҷамоат, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди Ҷамоат иштирок намуданд. Бо аҳолии ҷамъомада Раиси ноҳия дар заминаи рушди ҳамаҷонибаи фаъолияти хоҷагии халқ оид ба вазифаҳои асосии фаъолони Ҷамоат дар ҷодаи ҳифзу нигаҳдошти дастовардҳои даврони истиқлолият даъват ба амал овард, ки бояд корҳои оммавии фаҳмонидадиҳӣ байни тамоми табақаҳои аҳолӣ махсусан ҷавонон вусъат дода шавад. Дар замони муосир, ки ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар гуна хатарҳои вайронкунии мафкураи мардум таҳдид менамояд, дар заминаи ривоҷу равнақи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, эътимоду боварии халқро ба иқтидору ояндаи дурахшони давлати азизамон бояд қавитар намоем - қайд намуд раиси ноҳия. Ҳамчунин аз ҳодисаҳои террористии дар вилоят ба қайд гирифташуда ёдовар шуда, таъкид намуд, ки ҳар фарди ҷомеа баҳри тинҷию оромии кишвар аз ҷиҳати сиёсӣ ҳушёр буда, вазифаҳои аввалиндараҷаи худро баҳри пешгирии ҳамагуна ҷинояткорӣ ва зуҳуроти номатлуб бояд донад. Баргузории чунин мулоқоту вохӯриҳои Раиси ноҳия дар боқимонда ҷамоатҳо идома меёбад.

 

 

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Ҷустуҷӯ