Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Дастоварди хонандагони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар олимпиадаҳои фаннӣ

E-mail Чоп PDF
There are no translations available.

Дастоварди хонандагони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар олимпиадаҳои фаннӣСифати таълиму донишомӯзӣ ва дастовардҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сол ба сол беҳтар гардида, толибилмони ноҳия соли равон дар олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ ширкат варзида, соҳиби 135 медал гардидаанд.

Соли ҷорӣ 75 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар озмуни вилоятӣ ширкат намуда, 52 нафар хонандагон ба гирифтани ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм сарфароз гардиданд, ки дар натиҷа мақоми аввал насиби хонандагони ноҳия гардид.

Толибилмони ноҳия дар озмуни фаннии ҷумҳуриявӣ ширкат варзида 20 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ, яъне ҷойи аввал, дуюм ва сеюм гардиданд.

Дар озмуни фаннии Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 75 нафар ширкат варзида, сазовори ҷойи аввал гардиданд.

Мутобиқи натиҷаи озмуни фаннии Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи нишондоди даставӣ хонандагони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли ҷорӣ дар Ҷумҳурӣ мақоми аввалро касб намудаанд.

Бояд зикр кард, ки 6 нафар аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар озмуни байналмилалӣ ширкат намуда, ба гирфтани медали нуқра сазовор гардиданд.

 

Ҷустуҷӯ