Табрики Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Давлатзода Зафарбек ба муносибати Иди Наврӯз-2021

Ҳамдиёрони азиз!

Имрӯзҳо дар саросари кишвари мо бо фаро расидани фасли гулу эҳёи табиат соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёди тоҷик - Наврӯзи Аҷам таҷлил мегардад.

Кулли сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва тамоми ҳамдиёрони азизамонро бо фарорасии иди бостонии Наврӯз, ки воқеан соли нави мардуми мо мебошад, самимона табрик гуфта, хуррамиву сарсабзии наврӯзӣ, баҳори неку файзбор, тандурустиву саодати рӯзгор ва муваффақияту комёбиҳо орзу менамоям.

Боиси хушнудӣ ва сарфарозии ҳамаи мост, ки ҷашни деринаи ниёгони мо - Наврӯзи хуҷастапай бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил шуда, ҳамчун иди байналмилалӣ эътироф гардидааст. Маҳз азму иродаи матини халқ ва пуштибонии ҳамаи мардум аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин асолати фарҳангдӯстӣ ва ваҳдатгароиву сулҳпарварии миллати шарафманди тоҷик ва фарзандони бонангу номуси он буд, ки мо ба чунин рӯзҳои нек ва рӯзгори осуда расидем. Наврӯз чун ифодагари сулҳу оромӣ, пиндору гуфтору кирдори нек ва дӯстиву ҳамкории халқҳо моро боз сӯи рӯзгори бехушунат, сулҳу субот ва кӯшиш барои зиндагии орому осуда раҳнамоӣ мекунад.

Бино ба ҳидоятҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода идома бахшидан ба суннатҳои неки аҷдодӣ, барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон, таблиғи меҳнату зиндагии солим, густариши рафтору ахлоқи ҳамида, бузургдошти анъанаҳои неки ниёгон, ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва пешрафту шукуфоии кишвари азизамон мусоидат мекунад.

Мувофиқи анъанаҳои неки наврӯзӣ бо фарорасии фасли баҳор дар ҳар хонадони мардуми тоҷик айёми кишту кор ва намуди идона бахшидан ба шаҳру деҳот оғоз мегардад. Имрӯзҳо ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари ноҳия корҳои ободонию бунёдкорӣ авҷ гирифтааст ва шубҳае нест, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо илҳоми наврӯзӣ ба кору фаъолияти ватандӯстонаи худ суръати тоза мебахшанд.

Бигзор дар кишвари соҳибистиқлоли мо, ки баҳори файзбораш доимӣ гулафшон аст, сулҳу ваҳдат абадан ҳукмфармо бошад.

Наврӯзатон фархундаву муборак бод, ҳамдиёрони азиз!

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.