БЕҲТАРИН ҲАМШИРАИ ТИБ

Садои марғубу хушоянди Гулчеҳраҳамон зебосанаме, ки дар озмуни «Беҳтарин ҳамшираи тиб» иштирокчӣ буду аз рўи шартҳои додашуда ҳунарнамоӣ мекард, дар толор танинандоз гардид. На танҳо ҳакамон, балки аҳли толор шефтаву волои сухани ин паричеҳра шуда, барояш кафкўбӣ карданд. Нишон дода тавонистани маҳоратҳои кадбонугӣ, дўзандагиву бофандагӣ, сурудану ровигӣ ва эҷодкорӣ бар замми донистани нозукиҳои касби интихобкардаашон иштирокдорони озмунро водор месохт, ки пурмасъулият бошанд.

‐Ҷои якум насиби ҳамшираи тибби шуъбаи амрози дарунӣ Гулчеҳра Ғафурова, ҷои дуюм сазовори момодояи шуъбаи таваллуд Зебо Комилова ва мақоми сеюм насиби ҳамшираи шуъбаи эҳё Мунзифа Аминҷонова гардид, эълон дошт раиси кумитаи иттифоқи касабаи Беморхонаи ноҳиявии № 2‐юми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Гулбаҳор Исмоилова.

Шодию хурсандии Гулчеҳраро ҳадду канор набуд. Хушнуд аз он буд, ки бо ҳидояти модари хушназараш Матлубахон ва қиблагоҳиаш Баҳодур пешаи ҳамширагиро ихтиёр кард, дар коллеҷи тиббӣ таҳсил намуд, дар соли нахустини фаъолияташ дастоварди навбатӣ – ғолибият дар байни ҳампешагонаш насиб гардид.

Сардухтури беморхона Иномҷон Баротов ба иштирокчиён барори кору саодати зиндагӣ таманно намуда, чунин иброз дошт:

‐Шифокори асил ҳамонест, ки бар замми доруву дармон ба олами пурасрори рўҳу равони мизоҷон ҳам роҳ ёфта, ба хондани ҳарфи муаммои ботинии инсон даст пайдо карда бошад. Маҳз нафарони хилъати сафедпўш ҳастанд, ки ба тани дардманд шифо бахшида, боиси шодмонии пайвандону фарзандонамон мегарданд. Дар қатори духтурон дар ин маврид хизмати ҳамшираҳои шафқат низ басо калон аст. Маҳз сухани хуш, чеҳраи кушоду пуртабассуми ҳамшираҳои шафқат метавонад, боиси ҳарчи зудтар шифоёбӣ ва ё умри дубора ёфтани беморон гардад. Озмуни имрўза, ки барои дарёфти чеҳраҳои нав ва кадрҳои болаёқати ҷавон баргузор гардид, шаффоф сурат гирифта, иштирокдорон тавонистанд, ҳам маҳорати касбӣ ва ҳам эҷодкории худро бароямон муаррифӣ намоянд. Албатта, ғолибият насиби ҳамоне гардид, ки дар ҳама ҷода пешсаф ва маҳорати хубро доро буданд.

Беморхонаи № 2‐юми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз давраи фаъолияташ, яъне соли 1985 духтурони соҳибтахассусро ба кор ҷалб кард. Беморхона дорои 90 кат ва 6 шуъба – шуъбаҳои таваллуд, амрози дарунӣ, бачагона, ҷарроҳӣ, асаб ва эҳё буда, ҳамчунин қабулгоҳу таҳлилгоҳу ташхисгоҳро дорост. Сардухтури беморхона ҳатталимкон кўшиш менамояд, ки дар шуъбаҳои амрози дарунӣ, бачагона ва таваллуд, инчунин ҳуҷраҳои ёрирасони таҳлилгоҳ, тадқиқоти ренгенӣ, физиотерапевтӣ, СБД ва ёрии таъҷилии тиббӣ тамоми шароитҳо муҳайё бошанд, то мардум саломатиашонро барқарор созанд. Духтурон бо сухани хушу табассуми малеҳ дармонбахши ҳар бемор гашта, боиси даст ба дуо бардоштани садҳо нафар мегарданд. Агар беморе сиҳат шуда, назди пайвандон баргардад, духтурон шодишарики онҳо мешаванд.

‐Боиси сарфарозист, ки бо иқдому дастгирии номзади илмҳои тиб, Аълочии нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон, ҷарроҳи дараҷаи олӣ, сардухтури беморхона Иномҷон Баротов ба истиқболи 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи бачагонаи беморхона таъмири куллӣ гардида, бо таҷҳизоти муосир таъмин шуд. Айни ҳол дар шуъбаи таваллуд корҳои сохтмонӣ ҷараён дошта, кормандон кўшиш бар он доранд, ки ҷашнҳои таърихиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол гиранд. Ба наздикӣ туҳфаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода 80 кат барои беморон дастраси беморхона гардид, ки боиси сарфарозии кормандону табобатгирандагони ин маскани офиятӣ шуд. Ҳамчунин харида ба истифода додани таҷҳизоти ҳозиразамон, аз қабили дастгоҳҳои ултрасадоӣ, сабти барқи дил, колоноскопия ва ренген барои муайян намудани беморӣ ёрӣ расонда, табобати саривақтии шифокорон боиси ҳарчи зудтар ба назди аҳли оила баргаштани беморон мегардад, - гуфт Гулбаҳор Исмоилова.

Дар ин рўзи фирўзу саодатбахш, дар рўзи кормандони соҳаи нигаҳдории тандурустӣ табибону ҳамшираҳои шафқати беморхонаҳо, марказу хонаҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббиро таҳният гуфта, саодати рўзгор, хонаободиву тансиҳатӣ, комёбиву некномиро таманно дорем. Бигзор теғи синоии эшон дармонбахши садҳо нафарон гашта, сухани ҷонбахшашон пайвандгари насли имрўзу оянда бошад.

Шоира САЛИМОВА,

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.