ШОГИРДОНИ НОҲИЯ ҚАДРШИНОСӢ ГАРДИДАНД

Дар толори хурди Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маросими қадршиносии ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ баргузор гардид.

 

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро ба ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ мукофотпулии яквақтаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро супорида, аз хонандагон даъват намуданд, ки минбаъд низ бо баҳои аъло таҳсил карда, Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ парафшон созанд.

Дар қатори ғолибони олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ шогирдони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров:  Исмоилова Дилшода- хонандаи Гимназияи “Сафина” – ҷамоати деҳоти Ёва, бо 5000 сомонӣ, Набизода Насим, Муллоев Озодҷон, Фозилов Фахриддин -хонандагони Гимназияи №2 - ҷамоати деҳоти Унҷӣ, ҳар яке бо  5000 сомонӣ, Валиҷонзода Меҳрона-хонандаи Гимназияи “Сафина”-и ҷамоати деҳоти Ёва бо  3000 сомонӣ, Акбар Аброров - хонандаи муассисаи таълимии ғайридавлатии “Дурахшандагон”-и ҷамоати деҳоти Хистеварз бо 2000 сомонӣ бо мукофотпулии яквақтаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қадрдонӣ гардиданд.

Инчунин барои истеъдоду дониши амиқ, хатми муассисаи таълимӣ бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра, доштани интизоми намунавӣ хатмкардагони ноҳия: Бобоева Мастура, Исломзода Мадина - хатмкардагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ҷамоати деҳоти Хистеварз, Заррина Додоева, - хатмкардаи Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Дурахшандагон”- и ҷамоати деҳоти Хистеварз, Дилшода Исмоилова - хатмкардаи Гимназияи Сафина-и ҷамоати деҳоти Ёва бо мукофотпулии яквақта ба маблағи 1000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд

Аҳли маорифчиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ба таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои ҳамарӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгириҳои пайвастаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров изҳори сипосмандӣ менамоянд.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.