Тантанаҳои ҷашни Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар қасри фарҳанги деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба муносибати 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона ташкилу баргузор карда шуд.

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Давлатзода Зафарбек дар симои иштирокдорони чорабинӣ тамоми мардуми ноҳия ва кулли ҳамватанонро ба муносибати иди фархундаи солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатӣ табрик намуд.

Паёми шодбошии Раиси вилояти Суғд аз ҷониби сардори раёсати тандурустии вилоят Хайруллозода Ҳабибулло ба самъи ҳозирин расонида шуд. Баъди маросими супоридани Ифтихорномаҳо ва қадршиносии ғолибони озмунҳои ноҳиявӣ барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳоди аҳли толор гардид.

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.