Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Иштироки васеи сокинони ноҳия дар ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ

E-mail Чоп PDF

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфилу чорабиниҳои оммавӣ доир шуд.

Чорабинии оммавӣ ва раҳпаймоии зиёда аз 2000 нафар сокинони ноҳия, варзишгарону хонандагони муассисаҳои таълимӣ, кормандони ташкилоту идораҳо ва сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия аз шоҳроҳи марказӣ оғоз ёфта, бо баргузории чорабинии пурмӯҳтаво дар назди бинои Қасри фарҳанг идома ёфт.

Дар ин рӯз варзишгарону хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва сокинони касбу кори гуногун аз шаҳраку ҷамоати деҳоти ноҳия бо ифтихори баланд аз соҳистиклолии кишвар ва сулҳу суботи комил дар мамлакат-Рӯзи Парчами давлатии ҶТ-ро ҷашн гирифтанд.

Раиси ноҳия Зариф Назирӣ ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар таманниёти хеш бахшида ба ин рӯзи муқаддасоти давлатӣ баромад намуда изхор доштанд, ки халқи тоҷик бо таърихи пурғановату динишу хиради азалии хеш дар роҳи пешрафти илму фарҳанг ва дигар самту соҳаҳо ливои комёбиро баланд бардошта то ба имрӯз ҳамчун миллати куҳанбунёд арзи ҳасти намудааст. Ва имрӯз низ давоми 25 соли соҳибистиқлолии мамлакат дар атрофи парчами парафшони кишвар мутаҳҳид гашта, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Дар раҳпаймоии имрӯза сокинон бо парафшонии парчами давлатӣ ва шиорҳо доир ба сарҷаъмӣ ва гиромидошти Истиқлолияти давлатӣ -ин Рӯзи муқаддасоти давлатиро ҷашн гирифтанд.


 

Мо дар Facebook

Ҷустуҷӯ