Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Кабинети методии шўъбаи маориф дар озмуни ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойи аввал гардид

E-mail Чоп PDF

Кабинети методии шўъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар асоси нишондиҳандаҳои се соли охир дар озмуни ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойи аввал гардидааст.

Дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  66 ҳазору 314 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 4 ҳазору 648 нафар омўзгор таълиму тарбия медиҳанд.

Баҳри ин шўъбаи маорифи ноҳия дар роҳи иҷрои қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру  тавсияҳои Вазорати маориф ва илмӣ ҷумҳурӣ баҳри баланд бардоштани сифати таълим дар мактабу кўдакистонҳо тадбирҳо  амалӣ менамояд.

Дар кабинети методии шўъбаи маорифи ноҳия методу усулҳои самарабахши таълим, фаъолгардонии кори омўзгор, ёрии методии мушовирони кабинети методӣ ба мактабҳо, ташкили мусобиқа байни мактабҳо оид ба нишондиҳандаҳои таҳсилу таълим, ивази таҷриба, ба беш аз 200 нафар хонандагони лаёҷатманд ташкили дарс бо фарогирии омўзгорони пешқадаму соҳибмалака, кор бо хонандагони сустхон аз ҷумлаи тадбирҳои методию усули таълиму тарбия мебошад.

 

Мо дар Facebook

Ҷустуҷӯ