01 ХАБАР МЕДИҲАД! БАҲРИ ПЕШГИРИИ ҲОДИСАҲОИ НОХУШИ СЎХТОР

Қисми мустақили 36-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯзҳо ҷамъоварии ҳосили "Тиллои сафед" дар тамоми хоҷагиҳои пахтакори ноҳия бомаром идома ёфта, чида ба нуқтаҳои қабул расонидан ва бехатар нигоҳ доштани пахта, ки бо заҳмати зиёди деҳrонон ба даст оварда шудааст, вазифаи ҳар яки моён мебошад.

 

Баҳри иҷроиши фармони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 224 аз 16.04.2015 сол "Оид ба гузаронидан ва ташкил намудани корҳои назоратию - профилактикӣ ҳангоми ҷамъоварӣ, кашонидан ва коркард намудани ҳосили пахта" дар ноҳия амалиёти "Пахта - 2022" гузаронида шуда истодааст. Дар нуқтаҳои пахтақабулкунӣ аз ҷониби муҳандисон ва нозирони назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор навбатдорӣ ташкил карда шуда, баҳри таҳкими бехатарӣ аз сӯхтор дар минтақаҳои ҷамъоварии ҳосили пахта назорати доимӣ ба роҳ монда шудааст.

Бояд зикр дошт, ки сӯхтор ин оташи назоратнашавандаест, ки он ба саломатии инсон ва молу мулки ҷамъият зарари моддӣ мерасонад. Дар ҳолати ба иҷро расонидани талаботҳои бехатарӣ аз сӯхтор, ҳар як шаҳрванд метавонад баҳри пешгирӣ намудани сӯхтор саҳми худро гузошта, ба ин васила молу мулк, ҷони хеш ва атрофиёнро аз ин хатарҳо эмин нигоҳ дорад.

Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба самъи шаҳрвандон мерасонад, ки хангоми ба амал омадани ҳодисаи сӯхтор метавонанд ҳамарӯза (шабонарeзӣ 24 соат) ба ин ниҳоди давлатӣ муроҷиат намуда, бо телефони мобилӣ ба рақами 8-3442-3-10-40, ё ин ки ба рақами ягонаи "101" занг зананд. Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар самти ҳифзи ҳаёту саломатии одамон, тамоми намуди моликият, сарвати миллӣ ва иншооти гуногуни хизматрасонӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад.

        Фаридун Охунов,

муҳандиси калони гуруҳи назорати давлатии бехатарӣ аз сўхтор дар ноҳияи Бобоҷон ғафуров, лейтенанти калони хизмати дохилӣ

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.