Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Бунёди синфхонаҳои иловагӣ ва як мактаби нав дар н.Б.Ғафуров

E-mail Чоп PDF

Дар соли хониши нав дар ду мактаби ҷамоати деҳоти ба номи Хайдар Усмонов 4 синфхонаҳои иловагӣ ва дар деҳаи Овчӣ-калъача як мактаби нав ба фаъолият оғоз менамоянд, ки барои таҳсили 900 нафар хонандагон дар ду баст шароит муҳайё мегардад.

Ҳамзамон дар ноҳия барои бо омодагии комил ба соли нави хониш фаро гирифтани хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва беҳтар намудани шароити дарсомузӣ дар ҳамаи 130 муассисаҳои таълимӣ, боғчаю мактаб-парваришгоҳҳо корҳои таъмир, рангу бор ва муҷаҳҳазнамоӣ баробар ҷараён дошта, то имрўз 90 дарсади корҳо анҷом ёфтанд. Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1 млну 900 ҳазор сомонӣ ҷудо ва барои корҳои таъмирӣ муассисаҳо истифода шудаанд.

Шўъбаи маорифи ноҳия барои муҷаҳҳазнамоии мактабҳо бо лавозимоти таълимӣ бо дастгирии давлатӣ имсол 82 адад компютер, 8 прентеру  8 тахтаи электронӣ  ва 642 адад мизу курсиҳои нав харидорӣ намуда, ба мактабҳои, ки ниёз ба чунин лавозимот доранд, тақдим намудааст.

Корҳои таъмирӣ ва дигар тадбирҳои таҷҳизонидани мактабҳо имкон медиҳад, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии н.Б.Гафуров дар синфхонаҳои меъёрӣ таҳсилро огоз намоянд.

Чунин тадбирҷўиҳои ҳарсола дар боло бардоштани сифати таълиму тарбияи аст, ки соли равон мактабҳои ноҳияро 4411 нафар хонандагон хатм намуда, 2875 нафар барои идомаи таҳсилу соҳибкасб шудан ба донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат ҳуҷҷат супоридаанд.

 

Ҷустуҷӯ