Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

«Шири модар беҳтарин ғизоӣ табии ба кўдак» Ҷамъомад дар деҳаи Унҷӣ

E-mail Чоп PDF

Санаи 5-уми август дар деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ташаббуси Шабакаи аввалияи кўмаки тиббӣ-санитарии ноҳия, Маркази тарғиби тарзи ҳаёти солим чорабинӣ таҳти унвони «шири модар беҳтарин ғизои табии ба кўдак» баргузор карда шуд, ки ҳадафи ҷамъомади мазкур тарбияву инкишофи насли солим мебошад. 

Дар рафти ҷамъомад намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳаи тандурустӣ оид ба аҳмияту афзалияти ғизоӣ табии-шири модар ва дар ҳангоми ғизодиҳии кўдакон кам истифода намудани шири сунъиро ба модарони ҷавон фаҳмониданд. Ташкилкунандагони ҷамъомад вобаста ба зери назорати духтурон фаро гирифтану муоинаи саривақтӣ ва парҳез намудан аз додани ғизоҳои зараровар ба кўдаконро бо нишон додани саҳначаҳо аз ҳаёту рўзгори модарон пешниҳоди иштирокчиён намуданд.

Муқаддас Аббосова духтури оилавӣ аз деҳаи Унҷӣ гуфт, дар сўҳбат бо мо иброз дошт, ки ҳадафи асосӣ ҷамъомад ин баланд бардоштани савияи дониши маърифатию санитарӣ, таъмини иштироки бевоситаи аҳолӣ дар амалисозии сиёсати ҳукумати ҷумҳурӣ ва татбиқи қонуни ҶТ «Дар бораи ҳимояи ғизодиҳии таббии кўдакон» мебошад.

Ҳамсўҳбати дар идома иброз дошт, ки -«ғизодихии таббии-яъне шири модар дар инкишофи ҷисмонию фикрӣ ва солимии кўдакон  нақши муассир дошта, бояд кўдаки навзод то синни 2  солагӣ аз ин ғизоии табии фоидаовар баҳраманд бошад. Вале, як қисми модарон ўҳдадориҳои худро пурра иҷро намекунанд, ки ба кўдакон бештар шири сунъӣ медиҳанд, ки боиси инкишофи суст ва гирифтори бемориҳо гардидани навзод мегардад».

Дар ҷамъомади имрўза вобаста ба мавзўъ баҳри баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ аз аҳамияти ғизои табии кўдакон, аз ҷониби кормандони марказҳои саломатии ҳудуди ноҳия гўшаҳои таблиғотӣ  намоиш дода шуд ва аз ҷониби ширкаткунандагон баҳои  баландро сазовор гардид.

Гўшаи таблиғотии таҳиянамудаи Маркази саломатии ҷамоати деҳоти Ёва соҳиби ҷойи аввал, Маркази саломатии деҳоти Зарзамин ва Унҷӣ соҳиби ҷойи дўюм ва сеюм гардиданд.Ба ғолибон аз ҷониби намояндаи МИҲД-и ноҳияи Б.Ғафуров ва Раёсати тандурустии вилояти Суғд тўҳфаҳо тақдим карда шуд.

 

Ҷустуҷӯ