Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Ифтитоҳи кӯдакистони хусусии “Парвози орзу” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

E-mail Чоп PDF

Санаи  6 сентябри соли 2017 Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф овард.

Раиси вилоят зимни ин сафар нахуст ба Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмони ноҳия омада, ба мумфаршкунии кӯчаи Фахрӣ ҳусни оғоз бахшид. Зимни суҳбат бо сокинон Раиси вилоят таъкид дошт, ки ба ифтихори 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави вилоят корҳои ободониву созандагӣ вусъат пайдо намудааст. Ба таъмиру таҷдид фаро гирифтани аксар кӯчаҳои Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмон аз зумраи чунин корҳои ободонӣ ба ҳисоб меравад.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар марҳилаи аввали мумфаршкунии кӯчаҳои Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмон ва Унҷии ноҳия аллакай 2,3 миллион сомонӣ маблағ азхуд карда шуда, дар марҳилаи дуввум мумфарш намудани кӯчаҳои Фахрӣ, Абдуваҳҳоб Қодиров, Абдуҷаббор Рустамов, Абдулаким Қаюмов, Шукур Иброҳимов, Воҳид Носир, Ором, Раҳмон Шариф ва Содиқ Шариф ба нақша гирифта шудааст.

Зимни суҳбат чанд тан аз сокинони маҳаллӣ сухан гуфта, арзи сипосу миннатдории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.

Дар Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ кӯдакистони хусусии “Парвози орзу” мавриди баҳарабрдорӣ қарор гирифт.

Дар аснои боздид аз кӯдакистон ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, ки муассисаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Сӯҳроб Маҳмудов бунёд ёфта, он аз ду ошёна иборат мебошад. Кӯдакистон барои 150 нафар пешбинӣ гардида, дорои тамоми шароити замони муосир аст. Баробари ба истифода додани иншооти мазкур беш аз 20 нафар  сокинони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин шуданд.

Ҳангоми суҳбат бо сокинон Раиси вилоят ифтитоҳи кудакистонро туҳфаи арзанда ба пешвози ҷашни бузурги миллӣ – Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ карда, иқдоми соҳибкори маҳаллиро намунаи ибрат хонд. Раиси вилоят таъкид намуд, ки бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат корҳои бунёдкорӣ бомаром идома дорад ва саҳми соҳибкорон низ дар ин росто хеле назаррас аст.

Зикр гардид, ки бо иқдоми роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳру навоҳии вилоят барои соҳибкорон, ки хоҳиши бунёди мактаб ва ё кӯдакистонро доранд, тамоми имконият фароҳам оварда мешавад ва дар ин раванд аллакай дар вилоят сохтмони муассисаҳои соҳаи маориф ба роҳ монда шудааст.

Дар анҷом ба кӯдакистони мазкур аз номи роҳбарияти вилоят туҳфаҳои идона ҳадя гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


 

Мо дар Facebook

Ҷустуҷӯ