Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

E-mail Чоп PDF

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷараёни сохтмони қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмон шинос шуд.

Тавре маълумот дода шуд, фармоишгари иншооти мазкур Идораи сохтмони асосии вилоят ва пудратчӣ ҶДММ “РС Барқарор” мебошад. Сохтмони қасри фарҳанг соли 2016 оғоз ёфта, мувофиқи нақша моҳи феврали соли 2018 ба истифода дода хоҳад шуд. Қасри фарҳанг барои 400 ҷойи нишаст пешбинӣ шуда, дорои 20 утоқи кориву ёрирасон мебошад. Айни замон дар ин иншоот 35 нафар бинокорон ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардидаанд. Ҳангоми шиносоӣ Раиси вилоят ба маъсулин ҷиҳати анҷоми босифати корҳо, истифодаи масолеҳи сохтмонии хушсифат ва омезиши нақшу нигори миллӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ҳамчунин ба ободониву сабзкорӣ фаро гирифтани атрофи муассисаи фарҳангӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Дар ҳамин мавзеъ Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони бинои муолиҷавии Беморхонаи ноҳиявии рақами 3 аз наздик шинос гашт. Фармоишгари ин иншоот Идораи сохтмони асосии вилоят ва пудратчии он ҶДММ “Еврострой” мебошад. Мувофиқи нақша бинои беморхона аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои муолиҷаи 260 нафар беморон пешбинӣ шудааст. Дар таҳхонаи он таҳлилгоҳ, утоқҳои рентгенӣ ва физиотерапевтӣ ҷойгир карда шуда, дар ошёнаи якум маъмурият, қабулгоҳ ва ташхисгоҳ мавҷуд аст. Дар ошёнаҳои болоӣ бошад шӯъбаҳои беморхона ҷойгир карда мешавад. Бояд қайд кард, ки бинои кӯҳнаи беморхона ҳанӯз солҳои 30-уми қарни 20 бунёд ёфта, дар гузашта ҳамчун идораи колхоз ва чойхонаи маҳаллӣ фаъолият дошт ва аз соли 1950 ба беморхона табдил дода шудааст. Шароити табобату муолиҷа дар беморхона ба талаботи замонавӣ мутобиқ набуда, ниёз ба таҷдиду навсозӣ дошт.


Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Мо дар Facebook

Ҷустуҷӯ