Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Тӯҳфаи арзанда дар арафаи ҷашн

E-mail Чоп PDF

Боиси шодмонист, ки дар ноҳияи Бобоҷон Fафуров рӯз ба рӯз миқдори иншоотҳои фарҳангию фароғатӣ афзуда, ба ҳаёти мардум, хоса ҷавонон мазмуну мундариҷаи тоза ворид мекунад.

Ба истифода дода шудани "Варзишгоҳи ҷавонон" дар шаҳраки Fафуров аз ҷумлаи рӯйдодҳои фараҳбахш дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар расми ба истифодадиҳии варзишгоҳи мазкур намояндагони тамоми соҳаҳо ва махсусан ҷавонон иштирок доштанд.

Муовини раиси ноҳия Мастура Комилӣ дар баромади худ аз эътибори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз иқдомҳои шоистаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси ноҳия Зариф Назирӣ оид ба дастгирӣ ва дастоварди ҷавонон ёдовар шуда, варзишро ҳамчун як рукни фарҳанги миллӣ дар ҳаёти ҷомеа маънидод карда, ба оғози фаъолияти варзишгоҳ ифтитоҳ бахшид. Гуфта шуд, ки варзиш воситаи муҳими ташкил ва баргузории тарбияи ҷисмонӣ ва фароғатии ҷавонон мебошад. Бинобар ин рушди варзиш ва оммавӣ гардонидани он яке аз корҳои муҳим маҳсуб меёбад.

Бояд зикр дошт, ки варзишгоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Дилшод Камолов бунёд ёфта, барои бозии футболи хурд ва дигар бозиҳои варзишӣ муайян гардидааст.

Умед аст, ки "Варзишгоҳи ҷавонон" ҷавононро ба намудҳои мухталифи соҳаи варзиш ҷалб намуда, барои солимӣ, бардамӣ ва саодатмандии ҷавонон мусоидат мекунад ва месазад онро армуғони беҳтарин ва арзанда дар "Соли ҷавонон" ҳисобид.

 

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Ҷустуҷӯ