Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Вохӯрӣ баҳри пешгирӣ

E-mail Чоп PDF

Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҳти сарварии Раиси ноҳия Зариф Назирӣ ва бо иштироки муовини аввали Сардори раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зарифӣ Дилшод Неъматзода ва сардори бахши ташкилии нозироти раёсат Муҳаммадӣ Сўҳроб мулоқот бо фаъолони ноҳия баргузор гардид.

Дар вохўрӣ муовини аввали сардори раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зарифӣ Дилшод Неъматзода баромад намуда, оид ба амалҳои коррупсионӣ ва риояву татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» бо далелҳои бақайдгирифташуда суханронӣ намуда, ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳои маорифу тандурустӣ, раисони хоҷагиҳо, раисони ҷамоатҳо, кумитаи идораи замин ва дигар масъулони соҳаҳо бобати роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ дастуру супоришҳо дод.

-Мулоқоти имрўза хеле саривақтӣ ва муҳим мебошад, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар заминаи мулоқоти баргузоргардида корҳои тарғиботиро байни кормандони ташкилоту муассисаҳо бобати пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ пурзўр хоҳад намуд, дар идомаи сўҳбат афзуд, Раиси ноҳия Зариф Назирӣ.

Пас аз мулоқот қабули шаҳрвандон оғоз гардид, ки сокинони ноҳия бо дархости худ ба намояндагони Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муроҷиат намуданд.

 

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Ҷустуҷӯ