Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Қонун таҳкимбахш ба зиндагии шоиста

E-mail Чоп PDF

Бо мақсади оммавӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гурӯҳҳои кории ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтанд, бо аҳолии кишвар мулоқоту вохӯриҳо доир намоянд.

Чунин як вохӯрӣ дирӯз дар ноҳияи Бобоҷон Fафуров доир гардид. Дар он мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар аъзоёни гурӯҳи тарғиботии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Суғд иштирок доштанд.

Дар вохӯрӣ зимни суханронӣ мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло зикр дошт, ки ба Қонуни мазкур як қатор меъёрҳои наве ворид гардиданд, ки онҳо пеш аз ҳама барои ҳимояи манфиатҳои мардум равона карда шудаанд. Аз ҷумла, дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон оростани дастурхони хоксорона ва роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ яке аз онҳост.

Мувофиқи тағйироту иловаҳои ба моддаи 9-и Қонуни мазкур воридгардида минбаъд хатнасур дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида мешавад. Хатна бошад, бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида мешавад.

Ҳамзамон, маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маросимҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бе забҳи чорво ва бидуни хизматрасонии санъаткорон иҷозат дода шудааст. Дар баробари ин, гузаронидани маъракаи ақиқа манъ гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки танзими чорабиниҳои зикргардида пеш аз ҳама бо мақсади сарфа намудани маблағҳои падару модарон ва пешгирӣ кардани пастшавии сатҳи зиндагонии шаҳрвандон пешбинӣ шудааст. Бо назардошти ҳолатҳои зикргардида ба падару модарон ва дигар шахсони онҳоро ивазкунанда ҳуқуқ дода шудааст, ки аз маблағҳои сарфашуда то расидан ба синни балоғат дар бонкҳо ба номи писаронашон суратҳисобҳо кушоянд.

Ба моддаи 10-и Қонуни амалкунанда, ки масъалаҳои вобаста ба тӯйи домодию арӯсиро танзим менамояд, тағйирот ворид карда шудаанд, ки мутобиқи он минбаъд дар баробари як қатор дигар маъракаҳои қаблан манъшуда, гузаронидани маъракаҳои ноншиканон, модарталбон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон) манъ гардидаанд.

Ба моддаи 14-и Қонун, ки тартиби баргузории ҷашну маросимҳоро танзим менамояд, тағйироти назаррас ворид гардиданд, ки тибқи он минбаъд хизматрасониҳо танҳо дар асоси шартнома сурат мегиранд ва маъмурияти қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо, тарабхонаҳо ва тӯйхонаҳо дар баробари соҳибони маърака барои риояи шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории тӯйю маъракаҳо масъулият доранд.

Дар мулоқот иштирокчиён низ ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Чунин вохӯрӣ дар дигар ҷамоатҳо идома дорад.

 

Ҷустуҷӯ