МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН Ё ЧАРО ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ТАҶОВУЗГАР НЕСТ?

Print

(Шархи коршиносӣ бар моҳият ва асосҳои ҳуқуқии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баҳси марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон)

Чӣ миқдор замини қонунии Тоҷикистон ҳоло дар ихтиёри Қирғизистон қарор дорад? 145 000, 211 000 га ё 420 000 га? Тоҷикистон дар баҳси марзӣ бо Қирғизистон ба кадом асос ва ҳуҷҷатҳо такя мекунад? Маънои «ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1932» чист ва чаро онҳо асоси ягонаанд? Маънои «ҳуҷҷатҳои солҳои 1958-59» ва моҳияти «ҳуҷҷатҳои соли 1989» чист? Ҳуҷҷатҳои ҷониби Қирғизистон дар ин баҳс кадоманд ва қурби ҳуқуқии онҳо чист? Конститутсияи СССР сарҳадҳои байн ин ду ҷумҳуриро чӣ тавр тақсим карда буд? Заминҳои Тоҷикистон дар асоси кадом ҳуҷҷатҳо дар ихтиёри Қирғизистон қарор гирифтаанд? Кадом раиси вилоят ва раиси шаҳри Тоҷикистон заминҳоро ба кишвари ҳамсоя дода буд? «Минтақаҳои баҳсӣ» дақиқан кадом қитъаҳоро дар бар мегирад? Талоши посух ба ин саволҳо ё шарҳе мустанад бар моҳият ва асосҳои ҳуқуқии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баҳси марзи бо Қирғизистон

 

Низои марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки инак наздики сад сол идома дорад, дар солҳои охир моҳияти боз ҳам мураккабу муташанниҷ гирифтааст. Баррасии мавқеъ ва изҳороти намояндагони ҷонибҳо ва арзёбии равандҳои сиёсию иттилоотии атрофи масъала нишон медиҳанд, ки ин буҳрон на танҳо дар ҳоли ҳалшавӣ, балки дар ҳоли амиқшавию васеъшавӣ қарор дорад. Хусусан, ба ин баҳс пайвастани Русия ва созмони СПАД ва даъвати роҳбарияти Қирғизистон аз СММ, САҲА ва ташкилотҳои дигари байналмилалӣ барои «миёнаравӣ» дар ҳалли ин буҳрон, ИМКОНИ АЗ ЯК МАСЪАЛАИ МАҲАЛЛИЮ БАЙНИДАВЛАТӢ БА ЯК БАҲСИ КАЛОНИ МИНТАҚАВӢ ВА БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАБДИЛ ЁФТАНИ ОНРО БОЗ ҲАМ БЕШТАР НАМУДААСТ. Зеро таҷрибаи низоъҳои марзию қавмӣ дар фазои пасошӯравӣ нишон додааст, ки дар аксари мавридҳо пайдошавии «миёнаравон»-и шарқию ғарбӣ боиси васеътару тӯлонитар шудани чунин буҳронҳо гаштааст.

Ин аст, ки гарчи Тоҷикистон дар ҳамаи сатҳу марҳилаҳо ҷонибдории худро аз ҳалли мусолиматомези масъала эълон доштааст, аммо дурнамои раванд нишон медиҳад, ки ҳоло давлат ва ҷомеаи мо бояд барои вазъияту буҳронҳои печидатаре омода бошад.

Бо чунин пешбиниву пешомад, дар канори омодагии ҷиддии сиёсию низомию иттилоотӣ, яке аз муҳимтарин заруратҳо огоҳ будани қишрҳои гуногуни ҷомеа аз моҳияти низоъ ва воқеияти мавқеъ ва манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст. Аммо арзёбии пайвастаи фазои иттилоотӣ ва тамоси ҳамешагӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа нишон медиҳад, ки гарчӣ аксари мардум дорои эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва омодаи ҳимоят аз марзи кишвар ҳастанд, аммо дар бораи худи моҳияти низоъ, сабаби пеш омадани чунин ҳолат дар ин қисмати марзҳои байнидавлатӣ ва моҳияти мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масъала маълумоти чандон дақиқе дар ихтиёр надоранд. Ин ҳолат, яъне камбуди тасаввуру маълумоти дақиқ дар бораи асосу таъриху миқёсу моҳияти ин низоъ, на танҳо дар байни мардум, балки миёни аҳли зиё, хизматчиёни давлатӣ ва ҳатто кормандони қатории ниҳодҳои қудратӣ низ мушоҳида мешавад.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, бо мақсади саҳмгузорӣ дар тақвияти огоҳӣ ва зарфияти ҷомеа дар ин самт, пажӯҳиши мухтасаре дар боби асосҳои таърихӣ ва ҳуқуқии ин ихтилоф ва моҳияти далелу ҳуҷҷатҳои ҷониби Тоҷикистон барои асосноккунии мавқеи худ дар ин баҳс пешкаш мегардад. (Ҷанбаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, тамаддунӣ ва ҷуғрофии ин баҳс дар навиштаҳои дигар оварда шудаанд.)

Албатта, то ин лаҳза ба шарҳи ҳуқуқии мавқеи Тоҷикистон низ аз сӯи баъзе муҳаққиқони ватанӣ, аз ҷумла ҳуқуқшинос Маҳмуд Абдуллоев таваҷҷуҳ гашта, дар навиштаҳои эшон маълумот ва андешаҳои арзишманд дар ин самт ироа шудаанд. Аммо мақсади асосии ин навиштаи мушаххас дар асоси санадҳои дақиқи таърихӣ дар дохили кишвар ба вуҷуд овардани фаҳми бештар дар бораи моҳияти мавқеи ҷониби Тоҷикистон дар ин масъала мебошад. Яъне он амалан ШАРҲИ «ҲАҚИҚАТИ ТОҶИКИСТОН» ДАР ИН НИЗОСТ. Ҳақиқате, ки ҳар як сокини кишвар, хоса аҳли идораву мафкура бояд онро дақиқ бидонад ва дар ташаккули мавқеи худ дар ин мавзӯъ асос қарор диҳад.

***

  1. БАЁНИ СОДАИ МОҲИЯТ ВА МАНТИҚИ НИЗОИ МАРЗӢ

БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

Моҳияти содаи низои печидаи марзӣ байни ду давлати ҳамсоя аз ин иборат аст, ки мувофиқи ҳуҷҷатҳои расмии муайянкунандаи сарҳади байни ин ду кишвар, имрӯз ҳудуди 211 000 гектар замини қаламрави қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёр ё истифодабарии Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад. (Маҳз ҳамин рақам 23.09.2022 дар суханронии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмаи умумии СММ садо дод). Тибқи ҳамин санадҳои расмӣ ин заминҳо, ки ҳамчун «қитъаҳои баҳсӣ» ёдоварӣ мешаванд, ҳоло 84 000 га замин дар мавзеи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (асосан аз ҳисоби ҷамоати Хистеварз ё Қистакӯзи собиқ), 56 000 гектар замин дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ (асосан минтақаи ҷангалзори Андарак), 61 000 гектар замин дар ҳудуди шаҳри Исфара (асосан аз ҷамоатҳои Сурх, Чоркӯҳ ва Ворух), баъзе қитъаҳои нисбатан хурди дигар дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен ва ғайраро дар бар мегиранд.

Барои тасаввури дақиқ дар бораи миқёс ё паҳнои ҷуғрофии баҳс, 211 000 гектар ва ё 2110 километри мураббаъ замин тахминан ба ҳудуди якҷояи шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Хуҷанд (бо назардошти тамоми ҳудуди маъмурии деҳоти онҳо) ё тахминан беш аз ДАҲ ҲУДУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ бо афзудаҳои нави атрофаш баробар аст! Яъне дар ин баҳс сухан дар бораи чунин минтақаи азим меравад.

Агар дар мисоли берунӣ бингарем, ин заминҳои ғасбшуда қариб баробари ҳудуди кишвари Люксембург дар Аврупо, ё тақрибан ду баробари ҳудуди кишварҳои Сингапур ва Баҳрайн дар Осиё мебошанд.)

Ин заминҳо, ки қаламравии қонунии Тоҷикистон ҳастанд, дар тӯли ҳудуди 90 соли охир бо роҳу воситаҳои гуногун, ки шарҳаш меояд, ба ихтиёри Қирғизистон гузашта, ҳоло амалан аз тарафи ин кишвар идора ва истифода мешаванд. Ҷузъи ҳудуди Тоҷикистон будани ин заминҳо дар замони шӯравӣ низ маълум буд ва дар ин замина ҳар гоҳе баҳсҳои маъмурӣ ва маҳаллӣ ба вуҷуд меомаданд. Аммо чун то соли 1991 ҳар ду ҷумҳурӣ ба таркибӣ давлати ягонаи Иттиҳоди Шӯравӣ дохил буданд, марзҳои ду ҷумҳурӣ марзҳои байнидавлатӣ ҳисоб нашуда, баҳси ҳуқуқию сиёсии тақсими марзҳо дар ин сатҳ намеистод. Бо касби истиқлоли сиёсӣ ва давлатӣ вазъияти ҳуқуқию сиёсии сарҳадҳо комилан тағйир ёфта, зарурати ба таври расмию ниҳоӣ муайян кардани сарҳади байни ду давлати мустақил пеш омад. Бинобар ин, Тоҷикистон сарҳадҳои давлатии худро дар асоси ҳуҷҷатҳои расмии муайянкунандаи сарҳади ду давлат мушаххас карда, АЗ ҚИРҒИЗИСТОН ТАЛАБ ДОРАД, КИ ЗАМИНҲОИ АЗ ҲИСОБИ ҲУДУДИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИХТИЁРИ ХУД ДОШТАРО БАРГАРДОНАД.

То имрӯз дар ин масъала байни ду кишвар беш аз 100 мулоқоту гуфтугӯи сатҳҳои гуногун сурат гирифта, аз наздики 990 км хатти сарҳадӣ дар бораи беш аз 602 километр ё ҳудуди 61% аз он тасвири лоиҳавӣ таҳия ва аз ду тараф мувофиқа гаштааст. Аммо тибқи изҳори Вазири корҳои хориҷии ҶТ аз 23.09.2022, ҷониби Қирғизистон аз имзо ва расмият бахшидани мувофиқаи ҳосилшуда дар бораи ин бахш аз сарҳадҳои давлатӣ (61%) низ худдорӣ менамояд. Омода будани созишнома дар бораи ин бахши марзҳо, гузаштани расмиёти дохилидавлатии он дар Тоҷикистон, омодагии Тоҷикистон барои имзои он ва «бо сабабҳои ба ҷониби Тоҷикистон вобастанабуда» то имрӯз ба имзо нарасидани ин ҳуҷҷат дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо сокинони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара аз 09.04.2021 низ садо дода буд…

Аммо дар 39%-и боқимондаи хатти сарҳадӣ феълан вазъияти печидаву муайянношуда идома дорад. Дар ин қитъаҳо бо сабабҳои баҳсӣ боқӣ мондани масъалаҳое чун истифодаи оби нӯшиданиву полезӣ, замини истиқоматию кишоварзию чарогоҳ, роҳу пулу гузаргоҳ, хатти барқу захираҳои табиӣ ва ҳатто қабристон ҳар гоҳ байни сокинон ихтилофу низоъҳо сар зада, солҳои охир моҳияти хунин мегиранд. Дар чунин вазъият, риоя нашудани қарордодҳои ҷузъии дуҷониба дар бораи мақом ва истифодаи қитъа ва иншооти мушаххаси наздисарҳадӣ, ки дар солҳои охир ба имзо расидаанд, вазъиятро боз ҳам печидаву ноустувортар мегардонад. (Намунаи ахири он соли 2021 аз созишномаи соли 2006 дар бораи иҷораи замин баромадани Қирғизистон аст, ки эътимоди байнисарҳадиро амалан аз байн мебарад.)

Илова бар ин, ҷониби Қирғизистон соли 1999 бо фарогирии аксари қитъаҳои баҳсӣ вилояти нави Боткандро (Баткент) таъсис намуда, бо қабули қонуни махсуси миллӣ «Дар бораи мақоми вилояти Ботканд» (№113 аз 10-уми сентябри соли 2021) ин вилоятро амалан ба ҳавзаи махсуси ҳарбиву мудофиавӣ табдил карда, ҳатто ба низоъҳои маишиву иҷтимоии аҳолии минтақаҳои сарҳадӣ моҳияти ҳарбиву сиёсӣ мебахшад. Банди 14-уми ин қонун мушаххасан пешбинӣ мекунад, ки дар ин вилоят (дар заминҳои қонунии Тоҷикистон) бо додани имтиёзҳои бисёр зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ, шумораи аҳолӣ ва нуктаҳои аҳолинишини қирғизӣ ба таври мақсаднок зиёд карда шавад. Қонуни нави ин кишвар, ки 20-уми октябри соли 2022 қабул гашт, ҳатто мусаллаҳкунии саросарии сокинони ин деҳаҳои амалан ғайриқонуниро пешбинӣ мекунад. Чунин ҳолатҳо дар маҷмӯъ, ба ҷойи осонтар кардани ҳалли масъала, имкони ба низои мусаллаҳи васеъ ва байнидавлатӣ табдил ёфтани баҳсро рӯз аз рӯз зиёдтар мекунад…

Моҳияти асосӣ ва соддаи баҳси марзии байни ду давлати ҳамсоя чунин аст.

2.БАҲСИ ҲУҶҶАТҲО ДАР МАСЪАЛАИ МАРЗ:

Ё «ҲУҶҶАТИ РАСМИИ МУАЙЯНКУНАНДАИ САРҲАДИ БАЙНИДАВЛАТӢ» ЧИСТ?

Яке аз печидатарин гиреҳҳое, ки дар мушкилаи марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба миён омадааст, баҳси ҳуҷҷатҳост. Моҳият ва аҳаммияти ин масъала дар он аст, ки маҳз ҳуҷҷатҳо имкон медиҳанд, то МАВЗӮИ ГУФТУГӮҲО МУШАХХАС ГАШТА, ҷонибҳо мавқеи худро ба таври мушаххас, асоснок ва устувор шакл бидиҳанд. Ё маҳз ҳуҷҷатҳо имкон медиҳанд, ки ҳақиқати таърихӣ маълум шуда, дар музокирот рӯи санад ва хулосаи мушаххасе тавофуқ ҳосил гашта, роҳи ҳалли мушаххасе ба даст ояд. Яъне, бо доштани «ҳуҷҷати такягоҳӣ» баргузорӣ ва идомаи музокироти мушаххас ва барқарории адолат номумкин аст.

Аммо раванди гуфтугӯҳо нишон медиҳад, ки ду ҷониб дар масъалаи ҳуҷҷатҳо ихтилофи усулӣ доранд.

Муҳимтарин баҳси ҳуҷҷатии ин раванд мушаххас кардани «ҳуҷҷати такягоҳӣ» ё ҳуҷҷатҳои бунёдии расмию қонунии муайянкунандаи сарҳади давлатии байни ду кишвар аст. Мувофиқи назари Тоҷикистон, ки асоси қавии таърихӣ, ҳуқуқӣ ва мантиқӣ дорад, «ҲУҶҶАТИ МУАЙЯНКУНАНДАИ САРҲАДИ ДАВЛАТИИ БАЙНИ ДУ КИШВАР» ТАНҲО ОН ҲУҶҶАТЕ МЕБОШАД, КИ ТАМОМИ РАВАНД ВА РАСМИЁТИ (ПРОТСЕДУРАИ) ТАСДИҚИ РАСМИИ САТҲИ ДАВЛАТӢ ВА БАЙНИДАВЛАТӢ ДАР МАСЪАЛАИ САРҲАДМУАЙЯНКУНИРО ГУЗАШТА, ҲАМЧУН САНАДИ РАСМИИ МУАЙЯНКУНАНДАИ САРҲАДИ ДАВЛАТИИ БАЙНИ ДУ КИШВАР ЭЪТИРОФ ШУДА БОШАНД. Яъне, санадҳое, ки дар солҳои гуногун байни шахсони алоҳида, ҷамоатҳо, хоҷагиҳо, шаҳру ноҳияҳо, комиссияҳо ва ғайра дар бораи истифодабарии муваққатӣ ё ҳатто, доимии заминҳо ҳосил шудаанд ва расмиёти тасдиқи давлатӣ ва байнидавлатиро нагузаштаанд, наметавонанд ҳамчун «ҲУҶҶАТИ МУАЙЯНКУНАНДАИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ» эътироф шаванд. Ҳатто санадҳои расмие, ки яке аз ҷонибҳо БА ТАВРИ ЯКҶОНИБА дар сатҳи давлатии худ қабул намуда, аз тарафи ду давлат расмиёти заруриро нагузаштаанд, низ наметавонанд асоси муайянкунии сарҳадҳои давлатӣ қарор гиранд. Ин мавқеи қатъии ҷониби Тоҷикистон аст.

Зарурати амалии истодагии Тоҷикистон бар ин асл дар он аст, ки аксари заминҳои мавриди баҳс, ки ҳоло дар ихтиёри Қирғизистон қарор доранд (ҳамон 211 000 га), дар тӯли ҳудуди 90 соли охир маҳз дар асоси амалу санадҳое чун муомилаи байниҳамдигарии шаҳрвандони оддӣ ё мансабдори маҳаллӣ(1), табодули замин байни колхозу совхозҳо(2), тавофуқи роҳбарони ҷамоату шаҳру ноҳияву вилоятҳо(3), қарори вазорату идораҳои соҳавӣ(4), ҳолатҳои фурӯхта шудани замин дар сатҳҳои гуногун(5), протоколҳои комиссияҳои муштарак(6), иҷорадиҳии расмии байниидоравӣ ё байнидавлатӣ(7) ва ғайра ба ихтиёри кишвари ҳамсоя даромадаанд. Яъне, аксари ин заминҳо амалан давра ба давра дар сатҳҳои гуногун ва дар доираи манфиатҳо ва рӯҳияҳои гуногун ба қирғизҳо вогузор шудаанд…

Як «нуқтаи қувват»-и ҷониби Қирғизистон низ маҳз ҳамин аст, ки барои ба истифодабарии он вогузор шудани бахше аз ин заминҳо дар ихтиёри кишвари ҳамсоя санадҳои маъмурию маҳаллии гуногунсатҳ вуҷуд доранд.

Аммо «нуктаи қувват»-и Тоҷикистон ин аст, ки ҳеҷ яке аз ин санадҳо, ки байни шахсону хоҷагиҳою минтақаҳою идораҳо дар бораи истифодаи заминҳо ба имзо расидаанд, расмиёти зарурии давлатиро нагузашта, ҲАМЧУН ҲУҶҶАТИ РАСМИИ МУАЙЯНКУНАНДАИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН ЭЪТИРОФ НАШУДААНД. Аз ин рӯ, ин ҳуҷҷатҳо ҳамчун санадҳои истифодаи замин дар марҳилаҳои гуногун барои истифодаи муваққатии заминҳои мушаххас асос шудаанд, аммо ҳеҷ яки онҳо эътибори ҳуқуқии ҳуҷҷати расмии байнидавлатиро надошта, наметавонад барои тағйир додан ва муайян кардани марзҳои байнидавлатӣ асос қарор дода шавад.

Ин аст моҳияти мавқеи Тоҷикистон дар масъалаи «ҳуҷҷатҳои такягоҳӣ».

Аммо ҷониби Қирғизистон аз чунин гузоштани масъала ё эътирофи ин воқеият манфиатдор нест, зеро маҳз ҳамин навъи гузориши масъала аз назари қонунӣ пурра ба Тоҷикистон тааллуқ доштани ин заминҳоро исбот мекунад. Аз ин рӯ, ҷониби Қирғизистон дар музокироти марзӣ санадҳои гуногунқурби давраҳои гуногунро, ки асосан ба додугирифти байни хоҷагиҳо(1), истифодабарии муваққатии заминҳо(2) ё ба таъсиси ташкилотҳои байналмилалӣ(3) дахл доранд, ҳамчун асос пешниҳод мекунад. Бо ин кор Қиргизистон талош мекунад, ки заминҳои аз ҳисоби Тоҷикистон амалан дар ихтиёр доштаи худро расмияти ҳуқуқӣ бахшад.

Аммо мушкил дар он аст, ки:

Якум, ҳеҷ яке аз ин санадҳо қурби ҳуҷҷати расмии муайянкунандаи сарҳади давлатии байни ду кишварро надоранд.

Дуввум, дар сурати ба ин «асос» ё тарзи гузориши масъала розӣ шудани Тоҷикистон, аксари заминҳои мавриди баҳс ба таври «қонунӣ» ба Қирғизистон тааллуқ мегиранд. Ин ҳолат на ба ҳақиқати таърихӣ, на ба асосҳои ҳуқуқӣ ва на ба манфиатҳои миллии Тоҷикистон ҷавобгӯй нест.

Ин аст моҳияти баҳси ҳуҷҷатҳо байни ду кишвар.

3.ТАЛАБОТИ КОНСТИТУТСИЯИ СССР ДАР БОРАИ ҚОНУНӢ ШУДАНИ САРҲАДИ БАЙНИ ҶУМҲУРИҲОИ УЗВИ ИТТИҲОДИ ШӮРАВӢ ЧӢ БУД?

Асоси ҳуқуқӣ барои эътибори расмӣ ва давлатии ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи марзҳо дар он аст, ки онҳо бояд дар доираи муқаррароти Конститутсияи ИҶШС дар ин масъала қабул ва тасдиқ гашта бошанд. Зеро, Конститутсияи ИҶШС барои тағйир додани сарҳади давлатии ҷумҳуриҳои узви ИҶШС аввал розигии худи ин ҷумҳуриҳо (дар шакли санади давлатӣ) ва сипас, қабули қарори дахлдор аз ҷониби мақомоти олии ҳокимияти давлатии ИҶШС-ро талаб мекард. Танҳо дар ин ҳолат, як ҳуҷҷат метавонист қурби ҳуҷҷати расмии муайянкунандаи сарҳад байни ҷумҳуриҳоро гирад. Ин талабот дар бораи чӣ гуна тағйир додани марзи байни ҷумҳуриҳо дар тамоми Конститутсияҳои ИҶШС, ки дар солҳои гуногун, аз ҷумла солҳои 1924, 1936 ва 1977 қабул шуда буданд, такрор шудааст, ки нишонгари аҳаммият ва қатъияти он аст.

Ба таври мушаххас, мувофиқи банди «б»-и Конститутсияи ИҶШС аз 31 январи 1924 танзими масъалаҳои тағйир додани сарҳад байни ҷумҳуриҳои шӯравӣ танҳо ба салоҳияти ИҶШС мансуб буд.

Банди «д»-и моддаи 14-уми Конститутсияи ИҶШС аз 5 декабри соли 1936 низ масъалаи тағйир ва тасдиқи сарҳадҳои ҷумҳуриҳои шӯравиро ба салоҳияти ИҶШС гузошта буд. Дар моддаи 18-уми он ба таври қатъӣ омадааст, ки «БЕ РОЗИГИИ ХУДИ ҶУМҲУРИҲОИ УЗВИ ИТТИҲОД ТАҒЙИР ДОДАНИ САРҲАДҲОИ ОНҲО МУМКИН НЕСТ.»

Тибқи банди 2-юми моддаи 73-уми Конститутсияи ИҶШС аз 7-уми октябри соли 1977 низ масъалаи тағйиру тасдиқи сарҳадҳои ҷумҳуриҳои узви Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо ба салоҳияти ИҶШС мансуб буд. Моддаи 78-уми он низ талаб мекард, ки сарҳади байни ҷумҳуриҳои шӯравӣ танҳо бо розигии худи ин ҷумҳуриҳо тағйир дода шуда, барои расмият ёфтан ҳатман аз ҷониби ИҶШС тасдиқ карда мешаванд.

Ҳамин талаботи катъӣ дар бораи розигии ҳатмии ҷумҳуриҳо барои тағйир додани сарҳадҳояшон, дар Конститутсия ҶШС Тоҷикистон низ ҷой дода шуда буд. Аз ҷумла, дар моддаи 2-юми Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон аз соли 1929 муқаррар шудааст, ки ҳудуди ҶШС Тоҷикистон наметавонад бе розигии он тағйир дода шавад. Конститутсияҳои минбаъдаи ҶШС Тоҷикистон аз соли 1931 (моддаи 29) ва солҳои 1937 ва 1978 (моддаи 15) низ муайян мекарданд, ки тағйир додани сарҳади давлатӣ бе розигии худи Тоҷикистон мумкин нест. Ҳамин талабот дар бораи тарзи тағйири сарҳади ҷумҳуриҳо дар конститутсия ҶШС Қирғизистон низ омада буданд.

Хулоса, дар давраи Шӯравӣ барои тағйир додан ё муайян кардани сарҳади байни ҷумҳуриҳо талаботи зерин вуҷуд дошт:

1.Қабул шудани қарори дахлдор аз ҷониби мақоми олии ҳокимияти давлатии худи ҷумҳуриҳо (ҳар як ҷониб ба таври ҷудогона);

2.Қабул шудани қарор бо розигии тарафҳо;

3.Тасдиқ шудани қарорҳои ҷумҳуриҳо аз ҷониби мақоми олии ҳокимияти давлатии ИҶШС, яъне қарори мақоми олии қонунгузори Иттиҳоди Шӯравӣ.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, дар тамоми давраи мавҷудияти Тоҷикистон ва Қирғизистон, танҳо ҳуҷҷатҳои тақсимоти миллӣ-ҳудудии солҳои 1924-1927 ва соли 1932 тамоми расмиёти талабкардаи Конститутсияи ИҶШС аз соли 1924-ро гузаштаанд ва танҳо ҳамин ҳуҷҷатҳо ҳамчун ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи сарҳади давлатӣ байни ин ду ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд.

4.«ҲАҚИҚАТИ ТОҶИСТОН» Ё ҲУҶҶАТҲОИ ТАКЯГОҲИИ ТОҶИКИСТОН КАДОМАНД ВА ҚУРБИ ҲУҚУҚИИ ОНҲО ЧИСТ?

Тавре зикр шуд, дар гуфтугӯҳои марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҷониби Тоҷикистон танҳо ҳуҷҷатҳоеро асос қарор медиҳад, ки тамоми марҳилаҳои расмиёти давлатӣ ва байнидавлатиро гузашта, ҳамчун ҳуҷҷати муайянкунандаи сарҳади байни ду давлат эътироф шуда бошанд. Ин аст, ки Тоҷикистон дар музокироти марзӣ маҳз ба «ҲУҶҶАТҲОИ СОЛҲОИ 1924-1927 ВА СОЛИ 1932» такя мекунад. Асос ва зарурати такя ба ин ҳуҷҷатҳо чунин аст:

1.«Ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 ва 1932» ягона бастаи ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки дар онҳо сарҳадҳои давлатии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар давраи таъсиси ин давлатҳо ба таври дақиқ ва расмӣ муайян ва тасдиқ карда шудааст.

2.Ин ҳуҷҷатҳо ягона ҳуҷҷатҳоест, ки тамоми расмиёти байниҷумҳуриявӣ ва давлатиеро, ки Конститутсияи Иттиҳди Шӯравӣ барои муайян кардани сарҳади байни ҷумҳуриҳои узви ИҶШС муқаррар намуда буд, ба пуррагӣ гузшта ва расмияти давлатӣ ёфтаанд.

3.Дар тамоми давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ва пас аз истиқлоли давлатии кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, яъне аз соли 1932 то имрӯз ягон ҳуҷҷати дигари муайянкунандаи сарҳади давлатии байни ин ду давлат ба тариқи расмиёти муқарраршуда дар сатҳи байниҷумҳуриявӣ ва сатҳи давлатии ИҶШС қабул нашудааст.

4.Агар ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927, ки ҳуҷҷатҳои таъсисии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ҳастанд, эътироф нагарданд ва сарфи назар шаванд, ВАЗЪИЯТИ САРҲАДҲО БА ҲОЛАТИ ТАЪРИХИИ ТО БАРҚАРОРИ ИТТИҲОДИ ШӮРАВӢ БАРМЕГАРДАД. Яъне он гоҳ сухан аз марзҳои Аморати Бухоро ва Русияи подшоҳӣ ва ҳатто хонигариҳои Хеваю Хуқанд меравад. Дар чунин сурат ду тараф ҷонибият ё субъективияти худро дар музокироти сарҳадӣ умуман аз даст дода, ҳам мавзӯъ, ҳам миқёс ва ҳам қоидаҳои музокирот комилан дигар мешаванд. Аз ин рӯ, ҳуҷҷатҳои мазкур, ГАРЧӢ АЗ НАЗАРИ САРНАВИШТ ВА ҲАҚҚИ ТАЪРИХИИ ТОҶИКОН ДАР МИНТАҚА ҲАРГИЗ ОДИЛОНА НЕСТАНД, феълан ягона ҳуҷҷати такягоҳӣ барои мавзӯият, чорчӯб ва мазмун пайдо кардани музокироти марзӣ байни ин ду кишвари мушаххас мебошанд.

Ба ин тариқ, «ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 ва 1932», ки Тоҷикистон дар музокироти марзӣ ба онҳо таъкид мекунад, танҳо ҳуҷҷатҳое ҳастанд, ки метавон дар масъалаи муайянсозии сарҳади давлатӣ байни ин ду давлати ҳамсоя ба он такя намуд.

МОҲИЯТИ ИН ҲУҶҶАТҲО ЧИСТ?

Зери ибораи «ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 ва 1932» маҷмуаи ҳуҷҷатҳои тақсимоти миллию ҳудудии солҳои 1924–1927 дар Осиёи Миёна дар назар дошта шудааст, ки пас аз анҷоми тамоми расмиёт дар тамоми зинаҳо, 1-уми январи соли 1932 бо Қарори Кумитаи иҷроияи марказии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ ва Қарори Кумитаи иҷроияи Марказии (КИМ) Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул ва тасдиқ гаштаанд.

Ҷумҳурии Қирғизистон то 15-уми апрели соли 1927 ҳамчун вилояти мухтор ва то 5-уми декабри соли 1936 ҳамчун ҷумҳурии мухтор ба таркиби Федератсияи Русия дохил мешуд. Бинобар ин, ҳангоми гирифтани мақоми ҷумҳурии иттиҳодӣ (соли 1936) ин ҷумҳурӣ дар ҳамон сарҳадҳои тасдиқгаштаи солҳои 1924-1927 ва соли 1932 ташкил шудааст.

Ба таври дақиқтар, 24-уми ноябри соли 1924 аз тарафи Иттиҳоди Шӯравӣ бо мақсади амалӣ сохтани нақшаи тақсимоти миллию маъмурӣ дар Осиёи Марказӣ ва таъсиси ҷумҳуриҳои нав «КУМИТАИ БАРҲАМДИҲИИ ОСИЁИ МИЁНА» (Среднеазиатский ликвидационный комитет) таъсис гашт, ки то 17-уми марти 1925 корҳои фаннӣ ва ҳуҷҷатгузории тақсими ҷумҳуриҳои навтаъсисро анҷом дод. (Истифодаи мустақими истилоҳи «ликвидатсия» ё азбайнбариву барҳамдиҳӣ дар мавриди минтақа ва кишварҳои онвақтаи он низ маънои хеле рамзӣ ва ҷолиб дорад.) Дар асоси хулосаҳои ин кумита, 29-уми сентябри соли 1925 Президиуми КИМ ҶШС Ӯзбекистон, ки дар он давра Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии мухтор дар ҳайати ин ҷумҳурӣ буд, сарҳади давлатии байни ҶШС Ӯзбекистон ва ҶШС Федеративии Русияро, ки дар он давра Қирғизистони имрӯза ҳамчун «Вилояти мухтори Қароқирғиз» ба ҳайати он шомил мешуд, тасдиқ намуд. Дар айни замон, 9-уми ноябри соли 1925 Президиуми КИМ Умумирусиягӣ сарҳади байни ҶШС Федеративии Русия ва ҶШС Ӯзбекистонро дар ҳамон ҳудудҳои муайяннамудаи комитаи зикршуда эътироф ва тасдиқ кард. Ҳамин тавр, тақсимоти соли 1924 тамоми расмиёти муқарраршудаи давраи шӯравиро гузашта, расмияту қонунияти зарурӣ пайдо намуд.

Яъне, сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳануз дар давраи ҳамчун воҳидҳои худмухтор дар таркиби Ӯзбекистон ва Русия буданашон ба расмият дароварда шудааст. Қисмати сарҳад дар минтақаи Хуҷанд бошад, ҳануз дар соли 1929 дар давраи аз таркиби Ӯзбекистон ба Тоҷикистон гузаронида шудани он расмият ёфтааст ва дар раванди интиқол сарҳади он бо Қирғизистон (Русия) нисбат ба сарҳади муайяншудаи Русия ва Ӯзбекистон тағйир наёфтааст.

Бахши сарҳади байниавлатӣ дар минтақаи Мурғоб низ дар раванди таъсиси ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба таври ниҳоӣ тасдиқ шудааст ва ин минтақа аз 2-юми январи соли 1925, яъне баробари таъсиси ВМКБ ба таркиби Тоҷикистон шомил буда, нисбат ба он ҳеҷ баҳсе вуҷуд надорад. Изҳороти баъзе намояндагони ҷониби Қирғизистон дар бораи ин, ки «агар ба ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 такя кунем, он вақт Мурғоб ҷузъи қаламрави Қирғизистон буд», комилан беасос буда, баръакси ин, маҳз тибқи ҳамин ҳуҷҷатҳо Мурғоб ҷузъи таркибии Ҷумҳурии Тоҷикистон гашта, ин бахши сарҳад ҳам расмияти сатҳи ҷумҳурӣ ва ҳам расмияти сатҳи ниҳоди олии қонунгузори ИҶШС-ро гузаштааст. Яъне, масъалаи «ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927» ҳаргиз баҳси Мурғобро ба вуҷуд оварда наметавонад.

Нуқтаи муҳимме, ки оғоз ва собиқаи баҳси марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро нишон медиҳад, ин аст, ки баробари тасдиқи марзҳои ҷумҳуриҳо дар соли 1925, ҷониби Қирғизистон (ҳанӯз дар ҳайати Русия) нисбат ба марзҳои муайяншуда дар минатқаҳои Сулюкта ва Исфара эътироз намуда буд. Маҳз дар натиҷаи баррасии ин масъала, бо қарори мақоми олии қонунгузории ИҶШС Сулюкта ба ҳайати ҶШС Федеративии Русия (Қирғизистон) гузаронида шуда, Исфара ба ҳайати ҶШС Ӯзбекистон, ки Тоҷикистон дар ҳайати он буд, монда шуд. Яъне, дар ин баҳс низ Исфара (бо фарогирии заминҳояш то Ворух) ҷузъи Тоҷикистон боқӣ монд.

Ин қарори муштарак, ки бо розигии тарафҳо ба даст омада буд, 4 майи соли 1927 аз тарафи президиуми КИМ ИҶШС ба таври ниҳоӣ тасдиқ гашт. Дар пайи он Президиуми КИМ ҶШС Ӯзбекистон аз 23-юми майи соли 1927 қарори КИМ ИҶШС аз 4-уми майи соли 1927-ро расман эътироф намуд. Дар қадами баъдӣ, Президиуми аллакай ҶМШС Қирғизистон (ҳамчун узви Федератсияи Русия) аз 7-уми июни соли 1927 қарорҳои президиумҳои КИМ Умумирусиягӣ аз 3-юми май ва КИМ ИҶШС аз 4-уми майи соли 1927-ро расман эътироф намуд.

Ин қарори Президиуми ҶМШС Қирғизистон, аз ҷумла ҳамчун бахши таркибӣ ва пайвастаи Исфара ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доштани минтақаи Ворухро бо 3,5 ҳазор аҳолӣ низ дар бар мегирифт, ки он муҳимтарин ва асоситарин ҳуҷҷат барои эсклав ё ҷазира набудан ва пурра ба Тоҷикистон пайваст будан ва тааллуқ доштани Ворух мебошад. Маҳз дар муқоиса бо ин ҳуҷҷати расмӣ ва харитаи замимавии он метавон муайян кард, ки кадом минтақаҳо баъдан ғасб шуда, боиси амалан аз сарзамини асосии кишвар ҷудо мондани ҷамоати Ворух гаштааст. (Тасвири онро метавон дар харитаи замимашуда мушоҳида намуд.)

Санади дигаре, ки метавонад ҳамчун далели тақвиятдиҳандаи дурустии ин масъала пеш оварда шавад, Қарори Шӯрои комиссарҳои халқии (совнарком) Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1947 дар бораи тасдиқи сарҳадҳо байни Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аст, ки дар харита ва таснифоти он низ Ворух дар муҳосираи ҳудуди Қирғизистон набуда, ҳамчун замини пайваста ҷузъи ҳудуди Тоҷикистон нишон дода шудааст.

Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Федеративии Русия ва ҶШС Ӯзбекистон мутобиқи қонунгузории ҳамон давраи ИҶШС сарҳадҳои давлатиро (байниҷумҳуриявиро) пурра муқаррар намуданд ва бо ҳамин баҳси сарҳадҳои байни ин ҷумҳуриҳо ба поён расид. Ин аст, ки ҳамин бастаи ҳуҷҷатҳо дар раванди музокирот ҳамчун «ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927» номида мешаванд.

Албатта, ҳуҷҷату бойгониҳо нишон медиҳанд, ки пас аз тасдиқи сарҳадҳои расмию қонунӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон (Ӯзбекистон ва Русия) дар соли 1925, дар натиҷаи дархости қирғизҳо боз чанд мавриди аз ҳисоби заминҳои қонунии Тоҷикистон (!) ба ҳудуди Қирғизистон дода шудани минтақаҳои алоҳида пеш омаданд. Аз ҷумла, дар ин раванд:

1.Бо Қарори Президиуми Кумитаи Иҷроияи Марказии ИҶШС аз 10-уми сентябри соли 1926 ноҳияҳои Баска-Исфана ва Чапкулук бо масоҳати умумии 180 ҳазор гектар ба Қирғизистон дода шуданд.

  1. Бо Қарори Президиуми Кумитаи Иҷроияи Марказии ИҶШС аз 8-уми июни соли 1927 ҳавзаи ангишти Сулукта бо масоҳати 14 ҳазор гектар ба Қирғизистон дода шуд.

3.Бо Қарори Президиуми Кумитаи Иҷроияи ҶШС Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 1932 ҳудудҳои ҷамоати Замбуруч, аз ҷумла деҳаҳои Замборуч, Ҷар, Ҷизгон ва Чӯянчӣ бо масоҳати умумии 15 ҳазор гектар ба Қирғизистон дода шудаанд.

Албатта, чун дар бораи ба Қирғизистон гузаштани ин се қитъаи мушаххас ҳуҷҷатҳои расмии сатҳи Иттиҳоди Шӯравӣ мавҷуданд, дар сурати асоос қарор додани ҳуҷҷатҳои ин давра, ҷониби Тоҷикистон нисбат ба онҳо даъво ба миён намегузорад.

Дар ин давра (соли 1932) ҳамчунин минтақаи нисбатан хурд, яъне деҳаи Самарқандаки шаҳри Исфара аз Тоҷикистон ба Қирғизистон дода шуда, дар ивази он деҳаи Санҷидзори шаҳри Конибодом аз ҳудуди Қирғизистон ба Тоҷикистон гузаронида шудааст, ки он низ дар асоси тавофуқи дуҷонибаи сатҳи давлатӣ сурат гирифтааст. (Ба даст оврадани ҳуҷҷати ин табодул низ ҷолиби диққат мебуд.)

Аммо дар бораи минтақаҳои баҳсӣ ё амалан ғасбшудаи дигар, аз ҷумла ҷангалзори Андараки ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ бо масоҳатӣ 56 ҳазор га, бахше аз минтақаи Хистеварзи ноҳияи ҳозираи Бобоҷон Ғафуров бо масоҳати 84 ҳазор га ва минтақаҳои баҳсии шаҳри Исфара бо масоҳати умумии 61 ҳазор га ягон ҳуҷҷати расмии қонунӣ вуҷуд надошта, тибқи тақсимоти миллию ҳудудии солҳои 1924-1927 ин қитъаҳои калон маҳз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд.

  1. БАЪЗЕ ДАЛЕЛҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ

АСОС ҚАРОР ДОДАНИ ҲУҶҶАТҲОИ СОЛҲОИ 1924-1927

Баъзе аз коршиносони ҳамсоя ва хориҷӣ нисбат ба бастаи «ҳуҷҷатҳои соли 1224-1927» эрод пеш овардаанд, ки онҳо ҳанӯз дар давраи дар таркиби Русия ва Ӯзбекистон будани ин давлатҳо ва пеш аз таъсиси онҳо ҳамчун ҷумҳурии узви ИҶШС қабул гаштаанд. Хусусан, танҳо дар охири соли 1936 таъсис шудани Қирғизистон ин мавзӯъро ба миён меорад.

Аммо дар ин бора бояд гуфт, ки тибқи қонунгузории ИҶШС, пас аз хориҷ шудани Тоҷикистон аз ҳайати Ӯзбекистон ва табдил шудани он ба ҷумҳурии иттифоқӣ дар соли 1929, тамоми ҳуҷҷатҳои тасдиқшудаи тақсимоти марзии солҳои 1924-1927 аз тарафи Тоҷикистон ба мерос гирифта шудааст. Ин марзҳо, аз ҷумла бо қарори КИМ ҶШС Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 1932 эътироф ва тасдиқ гаштаанд. Маънои ибораи «ҳуҷҷатҳои соли 1932», ки дар музокироти марзӣ аз ҷониби Тоҷикистон истифода мешавад, маҳз ҳамин санади эътирофи расмии марзҳо аз ҷониби ҶШС Тоҷикистон аст.

Ҷумҳурии Қирғизистон низ пас аз хориҷ шудан аз таркиби Русия дар охири соли 1936 сарҳадҳои худ дар таркиби Русия, яъне тақсимоти то соли 1927-ро ба мерос бурда, ба таври расмӣ эътироф кардааст. Ин санадҳо имкон медиҳанд, ки ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927, ки пеш аз таъсиси ҷумҳуриҳои шӯравии Тоҷикистон ва Қирғизистон қабул шуда буданд, пас аз таъсиси онҳо низ эътибор пайдо кунад.

Илова бар ин, агар ҷониби Қирғизистон ҳуҷҷатҳои такягоҳии солҳои 1924-1932-ро дар муайянкунии сарҳадҳо инкор намояд, дар натиҷа се қарори зикршуда дар бораи аз Тоҷикистон ба Қирғизистон дода шудани минтақаҳои Баска-Исфана ва Чапкулук (1926), ҳавзаи ангишти Сулукта (1927) ва ҷамоати Замборуч (1932) низ аз этибор соқит мешавад ва Тоҷикистон метавонад масъалаи бозгардондани онҳоро ба миён гузорад. Дар ин сурат, ҳудуди заминҳо баҳсӣ бо илова шудани 209 000 га замини ин се қитъа, аз 211000 га ба 420 000 га мерасад. Аз ин рӯ, радди ин ҳучҷатҳо ба нафъи худи ҷониби Қирғизистон низ намебошад.

Ҳамин тавр, сарҳадҳои байни Тоҷикистон ва Қирғизистон бо «ҲУҶҶАТҲОИ СОЛҲОИ 1924-1927 ВА 1932», ЯЪНЕ бо санадҳои таърихӣ ва расмие чун Қарори Президиуми КИМ ИҶШС аз 10-уми сентябри соли 1926, Қарори Президиуми КИМ ИҶШС аз 21уми декабри соли 1926, Қарори Президиуми КИМ ИҶШС аз 4-уми майи соли 1927, Қарори Президиуми КИМ ИҶШС аз 8-уми июни соли 1927 (дар шакли сарҳадҳои байни ҶШС Ӯзбекситон ва ҶШФС Русия) ва Қарори Президиуми КИМ ҶШС Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 1932 муайян ва ба таври ниҳоӣ тасдиқ шудаанд. Харитаи сарҳадҳои байни ду ҷумҳурӣ низ дар замимаи ин қарорҳо ба таври дақиқ омадааст, ки Тоҷикистон онро асос қарор медиҳад. Ин аст, ки аз назари ҷониби Тоҷикистон «ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927» ягона такягоҳи дурусти ҳуқуқӣ барои муайян кардани сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад.

Ва охирин далели устувор барои дар масъалаи сарҳадҳои ду кишвар санадҳои ягонаи қонунӣ будани ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1932 ин аст, ки пас аз ихтилофи марзии соли 1989, маҳз бо хоҳиши Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон ва Шӯрои вазирони ҶШС Қирғизистон соли 1990 комиссияи махсуси Шӯрои Олии ИҶШС барои баррасии ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи сарҳади байни ин ҷумҳуриҳо таъсис гашта буд. Пас аз омӯзиши ин масъала комиссияи мазкур низ ба хулосаи ниҳоӣ расида буд, ки танҳо ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1932 метавонанд ҳамчун ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон эътироф ва истифода гарданд.

Бо вуҷуди ин, аз бойгониҳои таърихии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба даст овардани ҳуҷҷатҳои тақисмоти марзӣ дар лаҳзаи таъсиси ин ду ҷумҳурӣ ва ҳуҷҷатҳои комиссияи махсуси Шӯрои Олии ИҶШС дар соли 1990 яке аз вазифаҳои муҳимми раванди музокирот ва мушаххассозии марзҳо ба ҳисоб меравад. Зеро ин ҳуҷҷатҳо метавонанд нуктаҳои зиёдеро равшан кунанд. Аммо чизе, ки муайян аст, ин санадҳо низ «ҳақиқати Тоҷикистон»-ро тақвият хоҳанд дод.

(Идома дорад)

Абдуллоҳи Раҳнамо,

коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ

Конец формы