Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Мумфарши роҳи 7-кўчаи ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов

E-mail Чоп PDF

Солҳои охир корҳои ободониву созандагӣ  аз ҷумла  мумфаршкўнии роҳҳои байни деҳот ва маҳаллаҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба роҳ монда шудаанд, ки асосан аз ҳисоби буҷети вилоят ва ноҳия ба роҳ монда шудаанд.

Бо дастгирии Раиси вилояти Суғд Абдўраҳмон Қодирӣ  барои мўмфарши 7-кўчаҳои ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Ўсмонов, аз ҳисоби буҷети вилоят 2 млн 725 ҳазор сомонӣ  ҷудо гардидаст.

Имрўзҳо асфалтпўш намўдани кўчаҳо аз ҷониби роҳсозони ҷамъияти дорои масъўлияташ маҳдуди «Манзил-2014» ҷараён дорад.  Аз ҷониби роҳсозон мумфаршнамоии кўчаи «Фаръӣ»-и ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов идома дорад, ки масоҳати 1 километр ва паҳнои 6 метрро дар бар мегирад.

Фармоишгари мумфарши роҳҳо Идораи сохтмони асосии вилоят мебошад.

Ба гуфти масъулони ширкати роҳсозии «Манзил-2014» аз ҷониби 20 нафар мутахассисон мумфарши роҳи 6 кўча пурра ба анчом расидааст ва дар назар аст, ки  корҳо дар як кўчаи боқимонда рўзҳои наздик ба итмом расонида шавад. Ин корҳои ободонии роҳҳо боиси хушҳолии аҳоли гардидааст. Зеро ҳар сол бо таъмиру мумфарши роҳҳои ҷамоати деҳот ва маҳаллаҳо ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боз ҳам ободу зебо мегардад.

 

Ҷустуҷӯ