Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Warning: copy() [function.copy]: php_network_getaddresses: getaddrinfo failed: Name or service not known in /home/data/gafurov/public_html/plugins/content/mavikthumbnails.php on line 658

Warning: copy(http://gafurov.tjimages/stories/navidho/adras.JPG) [function.copy]: failed to open stream: php_network_getaddresses: getaddrinfo failed: Name or service not known in /home/data/gafurov/public_html/plugins/content/mavikthumbnails.php on line 658

Warning: copy() [function.copy]: php_network_getaddresses: getaddrinfo failed: Name or service not known in /home/data/gafurov/public_html/plugins/content/mavikthumbnails.php on line 658

Warning: copy(http://gafurov.tjimages/stories/navidho/atlas.jpg) [function.copy]: failed to open stream: php_network_getaddresses: getaddrinfo failed: Name or service not known in /home/data/gafurov/public_html/plugins/content/mavikthumbnails.php on line 658

Омўзиши таҷрибаи ҳунармандони маркази «Дугонаҳо»-и н.Б.Ғафуров аз ҷониби бонувони ноҳияи Спитамен

E-mail Чоп PDF

Аз давраи таъсиси марказҳои таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва қолини дастӣ дар вилояти Суғд аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҳунармандони халқию соҳибкорон 17 марказҳои ҳунармандӣ дар марказ ва ҷамоати деҳот таъсис дода шудаанд, ки имрўзҳо фаъолияти назаррас доранд.




Маркази таълимии истеҳсолии «Дугонаҳо» дар ноҳия аз аввалин маркази адрасбофӣ дар вилояти Суғд мебошад, ки дар он 20-нафар занони ҳунарманд нозукиҳои адрасбофиро ба дигар занону духтарон меомўзонанд. Ҳунармандони марказ имрўзҳо дар баробари бофти 22 номгуи матоъ-бофтани адрасҳои «чорпопеша»-ро ба роҳ мондаанд.

17 нафар ҳунармандони марказҳои ҳунармандии ноҳияи Спитамен баҳри омўзиши ин навгониҳо ба ин марказ омада, аз кори адрасбофон шинос шуданд.

Ҳунармандони маркази «Дугонаҳо» бо ҳамкасбони худ оид ба навъи нав ва дигар намуди дўхти матоъҳо мубодилаи афкору таҷриба намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки як нафар ҳунарманди маркази «Дугонаҳо» дар як рўз то 18 метр адрас омода менамояд, ки рангу нақши он мувофиқи завқи харидорон таҳия мегардад. 

Ҳунармандони ноҳияи Спитамен дар рафти ташрифи худ ба марказ бо кори рангу бофтан ва нақшгузории ҳамкасбонашон аз наздик шинос шуда, иброз доштанд, ки ин икдом баҳри табодўли тачрибаҳо имконият  фароҳам меорад, то кори онҳо ва шавқмандони ин ҳунари аҷдоди ривоҷ ёбад.





 

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Ҷустуҷӯ