Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Меҳнати зарбдор дар замини пахтазор

E-mail Чоп PDF

Имрўзҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шурўъ аз 20 августи соли равон мавсими пахтачинӣ муташаккилона баргузор гардида истодааст.

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ дар бригадаи №13 Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаев бо иштироки собиқадорон ва масъулони соҳаи кишоварзӣ ба оғози мавсими пахтачинӣ  ҳусни ифтитоҳ бахшида буд. Аз он рўз эътиборан кишоварзони ноҳия дар марҳилаи хеле пурмасъул талош доранд, ҳосили бо арақи ҷабин рўёнидаи хешро сари вақт ғунучин намоянд.

Пахта шаъну шараф, ифтихор аз меҳнат, боиси фаровонии ризқу рўзӣ ва нерўмандии иқтисодист. Имрўз замини пахтазор ба майдони ҷасорат ва меҳнати зарбдор табдил ёфта, ба кўмаки марди деҳқон ҳамарўза 5- 7 ҳазор нафар ҳашарчиён, саҳмдорону шаҳрвандони касбу кори гуногун, дар рўзҳои истироҳатӣ бошад ҳамаи воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баромада, барои беталаф ҷамъоварӣ намудани тиллои сафед саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Ба иттилои сармутахассиси раёсати кишоварзии ноҳия Рустамбой Абдуҷаллилов ҳаррўз 450 то 500 тонна пахта ба хирман ворид гардида истодааст. Аз аввали мавсим бошад 4053 тонна пахта ба коргоҳи пахтақабулкунӣ супорида шудааст.

- Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дар ин рўзҳо дар чиниши марҳилаи аввали пахта қарор дошта, ҶСШК Абдураҳим ҷумъаев,АИИ ба номи Раҳмон Набиев, ҶСШК ба номи Қўшатов дар сафи пешанд. Дар дигар Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ чиниши тиллои сафед бомаром идома дорад. Мо - кишоварзони ноҳия азм дорем, то пағаи охирин бойигарии давлат – тиллои сафедро бо истифода аз ҳавои мусоиди офтобӣ ҷамъоварӣ намуда, нақшаи пешбинишударо иҷро намоем, илова намуд, Рустамбой Абдуҷаллилов.

Ба кишоварзону мардуми бонангу номус, марҳилаи хеле сермаҳсул фаро расид. Пахтазорро ба майдони корзор табдил дода, аз пешкорон ибрат гиред.

Хирманат пурбор бод, эй пахтакор!



 

Ҷустуҷӯ