БАРОИ НАТИҶАИ НАЗАРРАС НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ БО МОШИНАИ ХИЗМАТӢ ҚАДРДОНӢ ГАРДИД

Дар маросими ҷамъбасти маъракаи пахтасупорӣ ва қадршиносии кишоварзони навоҳии пахтакори вилояти Суғд, ки дар Қасри варзиши шаҳри  Хуҷанд баргузор гардид, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар вазъияти тантанавӣ ҷиҳати саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани «Тиллои сафед» ва иҷрои нақшаи дурнамои пахтасупорӣ дар қатори дигар ноҳияҳои пахтакори вилоят, ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро, ки аз ҷумлаи пешқадамон маҳсуб меёбад, бо автомошинаи хизматӣ қадрдонӣ намуда, ба Раиси ноҳия Зафарбек Давлатзода калиди мошин, маблағҳои пулӣ ва ба саҳмгузорон туҳфаҳои арзишманд тақдим намуд.

 

Зимни суханронии Роҳбари вилоят қайд гардид, ки «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шароити иқлим ва имкониятҳои истеҳсолии ҳар як минтақаи мамлакат ҷиҳати мунтазам зиёд намудани масоҳати замини кишти пунбадона, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ба ин васила, афзун кардани ҳаҷми истеҳсоли он, инчунин беҳтар намудани ҳавасмандии кишоварзон ба истеҳсоли пахта ва бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноати сабук дар назди масъулин супоришҳои мушаххас гузошта буданд.

Дар асоси нақша соли равон дар вилоят дар масоҳати 57159 гектар кишти пунбадона бо истифода аз тухмиҳои босифат гузаронида шуд, ки назар ба соли 2021-ум 7 ҳазору 964 гектар зиёд мебошад.

Дар мавсими кишту кор олимон, кишоварзону механизаторон ҷиҳати ба даст овардани ҳосили дилхоҳи пахта, ки ашёи стратегӣ ба ҳисоб меравад, тамоми чорабиниҳои агротехникиро ба роҳ монданд.

Дар вилоят соли равон истеҳсоли 133 ҳазору 800 тонна пахта ба нақша гирифта шуда буд ва боиси сарфарозист, ки пахтакорони вилоят аз ӯҳдаи иҷрои дурнамо бо сарбаландӣ баромаданд ва нақшаи солона 100,1 фоиз иҷро гардид.

Дар мавсими ғунучини ҳосил ва оростани хирмани бошукӯҳи «тиллои сафед» саҳми шаҳру ноҳияҳои пахтакор, бахусус ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Зафаробод ва Ҷаббор Расулов назаррас буда, аз фатҳи марра муҷдаи зафар расонданд.

Барои беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил қарори Раиси вилоят аз 18 августи соли 2022, №317 «Дар бораи тадбирҳои сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани ҳосили пахтаи соли 2022» ба тасвиб расида, тибқи он мусобиқаҳои меҳнатӣ байни шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои пахтакор эълон ва барои қадршиносии пешқадамон аз ҳисоби буҷети вилоят маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шуд.»

Дар идомаи суханронӣ аз андешидани чораҳои судманд, ҳавасмандии пахтакорону чинакчиён аз хоҷагиҳои пахтакори ҷамоатҳои деҳоти Хистеварз ва Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, номи чинакчии моҳир Санобар Иброҳимова аз ноҳия ёдоварӣ гардид.

Ҳамчунин ба чинакчиёну механизаторон, корхонаҳои коркарди пахта туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

 

 

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.