Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Warning: copy() [function.copy]: php_network_getaddresses: getaddrinfo failed: Name or service not known in /home/data/gafurov/public_html/plugins/content/mavikthumbnails.php on line 658

Warning: copy(http://gafurov.tjimages/stories/tlishka 2.jpg) [function.copy]: failed to open stream: php_network_getaddresses: getaddrinfo failed: Name or service not known in /home/data/gafurov/public_html/plugins/content/mavikthumbnails.php on line 658

Хоҷагиҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар як рўз то 400 тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд

E-mail Чоп PDF

Барои саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахтазорони ноҳия ҳамарўза аз 5 то 8 ҳазор нафар аъзо ва саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ ба чиниши пахта сафарбар мегарданд, ки аз ҷониби онҳо дар як рўз 350 то 400 тонна  тиллои сафед ҷамъоварӣ карда мешавад.



Бино ба иттилои Рустам Абдуҷалилов-муовини сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров то имрўз аз ҷониби хоҷагиҳо 8534,8 тонна пахта ҷамъоварӣ шуда, ба корхонаҳои коркард супорида шудааст.

Соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кишти пахта бештар гардида, ба 7211 гектар расонида шудааст, ки нисбати як соли пеш 1491 гектар зиёд мебошад. Аз ҳисоби зиёд шудани майдони кишт дурнамои истеҳсолӣ 12 ҳазору 400 тонна муайян шудааст, ки бино ба арзёбии масъулони Раёсати кишоварзии ноҳия давоми як моҳи оғози ҷамъоврии ҳосил наздик 70 фоизи нақшаи пешбинишуда иҷро гардидааст.


 

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Ҷустуҷӯ