Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Баргузории мусобиқаи варзишӣ дар ноҳия

E-mail Чоп PDF

Аз 21 то 24 соли равон дар толори варзишии бокс ҶСК «Хоҷагии нақлиёти» АТК, - и ҷамоати шаҳраки Ғафуров, бо ташабусси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва дар асоси низомномаи тасдиқгардидаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд мусобиқаи вилоятӣ аз рӯи намуди бокс байни  наврасони соли таввалудашон 2000-2002 бахшида ба «Соли ҷавонон» баргузор гардид.

Дар ин мусобиқа 100 нафар варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Ашт, Спитамен, Бӯстон, Мастчоҳ ва Бобоҷон Ғафуров  иштирок намуда маҳорату малакаи худро нишон доданд. Боиси қайд аст, ки 5 нафар варзишгарони ноҳияи мо низ дар ин мусобиқа ҷойҳои ифтихориро сазовор шуданд: Озод Қурбонов, дар вазни 54 кг ҷои аввал, Абдураҳмон Ёқубов дар вазни 60 кг ҷои аввал, Шерзод Исобоев, дар вазни 54кг ҷои дуввум, Умед Дадоев, дар вазни 46кг ҷои дуввум, Абдураҳим Юлдошев, дар вазни 52кг ҷои сеюм.

Ғолибон ва ҷоизадорон бо медалу диплом аз тарафи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти қадрдонӣ гардиданд.

 

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Ҷустуҷӯ