Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

“Шоми ҷавонӣ” бо ҷавонони саодатманд

E-mail Чоп PDF

Дирӯз бахшида ба Соли ҷавонон чорабинии фарҳангӣ – фароғатии “Шоми ҷавонӣ” таҳти унвони “Пайравони пешвои миллатем” бо фарогирии 3000 нафар ҷанонону наврасон баргузор гардид.

Нахуст чорабинӣ бо роҳпаймоии ҷавонон аз маркази ноҳия шаҳраки Ғафуров оғоз гардид. Шиору хитобаҳои «Бо ту мефахрам, Тоҷикистон!» «Мақсаду мароми ҷавонон пойдории сулҳ аст!» «Баракати зиндагӣ аз танзим аст!» « Мо – ҷавонон ҷонибдори қонуни миллӣ» «Либоси миллӣ – оинаи ниёгон аст» хушнудӣ ва ҷонибдории ҷавонон аз даврони соҳибистиқлолӣ буда, сипосмандӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки барои ҷавонон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд.

Сипас, дар назди маҷмааи фароғатии қасри фарҳанги ноҳия чорабинии мутантан доир гардида, дар он муовини Раиси ноҳия Мастура Комилӣ роҷеъ ба ғамхориҳои пайвастаи Садри муаззами кишвар  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон, тағйиру иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид гардида, либос ва фарҳанги либоспӯшӣ баромад намуда, ҷавононро  баҳри ҳифзи марзу буми Ватан дар ҳолати омодабош қарор ёфтан, афзун намудани эҳтиром ба муқаддасот ва арзишҳои миллӣ, ҷавобан ба ғамхориҳои давлат, бо аз худ намудани донишҳои замонавӣ дар бунёду ободонӣ саҳм гирифтан ва ниҳоят ҷавонони созанда буданро тарғиб намуд.

Дар идомаи он чанде аз ҷавонони фаъол бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ ва дастоварди ҷавонони даврони истиқлолият сухан ронда, ҳамеша дар пешрафти Ватани маҳбуб саҳм гирифтан, ҳамовозии ҷавонони ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро расониданд.

Чорабинӣ  бо барномаи рангини фарҳангӣ анҷом пазируфт.

 

Ҷустуҷӯ