Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Саҳми табибон дар ҳашари пахтачинӣ

E-mail Чоп PDF

Пахта бойигарӣ ва тавононии иқтисодии мамлакат маҳсуб ёфта, дастгирӣ дар марҳилаи пурмаҳсули ҳосилғундорӣ аз ҳисси масъулиятшиносӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодӣ дарак медиҳад. Имрӯзҳо мавсими ғунучини ҳосили бо арақи ҷабин рӯёнидаи марди деҳқон фаро расидааст.

Баҳри беталаф ҷамъоварӣ намудани тиллои сафед, саҳмдорон, аъзоёни хоҷагӣ, занони хонашин ва дигар шахсони бекор ба кори мавсимӣ ҷалб гардидаанд. Ҳамчунин дар рӯзҳои истироҳат ихтиёрӣ соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар воҳидҳои сохторӣ ба кӯмак баромада ёрии хешро расонида истодаанд.

-Дар маъракаи имсолаи ғунучини пахта беш аз 500 нафар кормандони шабакаҳои  кӯмаки аввали тиббию санитарии ноҳия таҳти роҳбарии Малика Қосимова ба пахтазор баромада 521 тонна пахта чида  ба хирмани  хоҷагиҳо рехтанд, иттилоъ дод раиси иттифоқи касабаи кормандони тиб Рустамҷон Раҳимов.

Ҳамчунин табибон ва хоҳарони шафқат барои ҳифзи саломатии чинакчиён, аз ҷумла дигар ҳашарчиёну саҳмдорони хоҷагиҳо мадад расонида истодаанд. Кормандони тиб азми қавӣ доранд, то анҷоми маърака дар ҳашари пахтачинӣ фаъолона иштирок намоянд.

 

Ҷустуҷӯ