Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Изҳории ҳамдардии сокинони н.Б.Ғафуров ба Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

E-mail Чоп PDF

Мо, кулли сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо таассуфи зиёд аз вафоти бармаҳали Нуриддин Раҳмон бародари Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сахт андўҳгин  ҳастем ва мехоҳем,ки тарики сомона изҳори тасаллияти худро ба Президенти кишвар расонем.

"Дар ин рўзҳо, ки яке аз наздиконатонро ба хонаи охират гусел менамоед, ҳамдардии амиқи худро ба Шумо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли пайвандонатон баён менамоем.

Тавре мо огаҳем, бародари Шумо Нуриддин Раҳмон аз шахсони хоксор, некхоҳу некдил, дилсўзи Ватану миллат ва дастгиру мададгори ҳамагон буданд.  Бовар дорем, ки кулли мардуми Тоҷикистон сифатҳои неку шоистаи Нуриддин Раҳмонро ҳамеша дар хотири худ нигоҳ медоранд.

Мо фахр аз он дорем, ки волидайни Шумо чунин фарзандони дилсузу ғамхорро ба дунё оварда, дар рўҳияи ватандўстӣ, худшиносии миллӣ тарбият кардаанд ва бахти неки мост, ки имрўз Шумо Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари моро сарвари дореду мо дар фазои сулҳу суботи комил ва Истиқлолияти давлатӣ кору зиндагӣ дорем.

Мо сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Шумо Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати фавти бармаҳали бародаратон Нуриддин Раҳмон ҳамдардии худро баён дошта, аз даргоҳи Худованд ба Шумо ва аҳли пайвандонатон сабри ҷамил хоҳонем."

 

Мо дар Facebook

Ҷустуҷӯ