Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо бародари Амири Давлати Қатар Шайх Халифа ибн Ҳамад ибн Халифа Оли Сонӣ

E-mail Чоп PDF

Дирӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шайх Халифа ибн Ҳамад ибн Халифа Оли Сониро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот маҷмуъи васеи масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қатар дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат, гидроэнергетика, фарҳанг, алоқаи ҳавоӣ, бонкдорӣ, саёҳат ва дигар бахшҳои афзалиятноки барои ҳар ду ҷониб судманд баррасӣ гардид.

Зимни мулоқот Шайх Халифа ибн Ҳамад ибн Халифа Оли Сонӣ таъкид дошт, ки бо дастури бародараш Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба Тоҷикистон омадааст, то ин ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба марги бармаҳали бародарашон — Нуриддин Раҳмон изҳори таъзия ва тасаллияти роҳбарияти давлат ва мардуми дӯсти Қатарро расонад.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

 

Мо дар Facebook

Ҷустуҷӯ