Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Омодагии муассисаи нигоҳдории роҳҳои ноҳия ба давраи зимистон

E-mail Чоп PDF

Дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров масофаи роҳҳои автомобилгард 428,1 километрро ташкил медиҳад. Аз як тараф бино ба масофаи дароз ва аз ҷониби дигар

аз сабаби мавзеъҳои дорои хамгашту нишебиҳо, дар минтақаҳои ба вуҷуд омоадани яхбандеҳо воқеъ гардидани қисми роҳҳо дар амборҳои муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар доираи омодагӣ 900 тонна ё 550 метри кубӣ маводи зиддилағжиш захира гардида, бо захираи 265 метри кубии мавҷуда, 815 метри кубиро ташкил медиҳад.

Дар давраи зимистон саривақт тоза намудани роҳҳо аз барф, пешгирӣ аз яхбандию лағжонакшавӣ аз иҷрои тадбирҳои оҷилӣ, кори коргарону мутахассисон ва ҷалби техникаҳои махсуси соҳавӣ вобаста аст.

Дар муассиса 10 адад мошину механизми боркунӣ, тозакунӣ ва коркарди роҳ истифода мешавад. Барои кори мураттаби техникаи роҳдорӣ 2500 литр сузишворӣ харидорӣ гардидааст. Барои омодагӣ ба давраи зимистон ва нигоҳдории роҳҳо Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ 468 ҳазор сомонӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бар замми 1 млн сомонӣ барои мумфаршкунии роҳҳо 500 ҳазор сомонӣ маблағҳои иловагӣ ҷудо намуданд.

Бино ба маълумоти обуҳавосанҷӣ дар зимистони имсола боришоти зиёду сардиҳои тўлонитар пешгўӣ мешавад. Барои дар ҳолати меъёрӣ нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгард дар давраи зимистон аз масъулину мутахассисони муассисаи роҳдорӣ ҳаҷми бештари корҳои тозакунию пешгирӣ аз яхбандиро тақозо менамояд.

 

Мо дар Facebook

Ҷустуҷӯ