ИҶЛОСИЯИ ЧОРДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ, ДАЪВАТИ ШАШУМ БАРГУЗОР ГАРДИД

Print

Дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо садо додани Суруди миллӣ ва иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нусратулло Салимзода, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, муовини якум, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва дигар масъулони дахлдор Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, даъвати шашум баргузор гардид.

Дар кори иҷлосия намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Хол Ҳайдар, муовини якуми Раиси вилояти Суғд иштирок намуд.

Фирдавс Абдуллозода, муовини Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кори иҷлосияро ҳусни оғоз бахшида, вакилонро бо рӯзномаи маҷлис, ки аз масъалаҳои «дар бораи эътироф намудани ваколати вакилии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии «Сомғор№38» Олимҷон Одилов ба ҷойи вакили хориҷшуда», «оид ба рафти амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, №293 «Оид ба барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 - 2025» дар ноҳия», «Оид ба нақшаи минбаъдаи рушди соҳаи чорводорӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров», «ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии «Дилкушо№10» Муродҷон Ҷӯразода оид ба рафти иҷрои ваколати вакилӣ», «дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилии вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаҳои интихоботии «Ваҳдат»№1, «Сафедтеппа№18, Шейхбурҳон№26», «дар бораи таъин намудани интихобот ба ивази вакилони хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия», «дар бораи ташкили комиссияи ноҳиявии интихобот ба ивази вакилони хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум», «тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия» иборат буд, шинос кард.

Сипас аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома Насим Муродов, раиси комиссияи ноҳиявии интихобот ба ивази вакилони хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз хулосаи баргузории интихобот ҳисобот дод. Дар идома вакили тозаинтихоби Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии «Сомғор№38» Олимҷон Одилов дар назди вакилон савганди вакилӣ ёд кард.

Роҷеъ ба масъалаи рафти амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, №293 «Оид ба барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 - 2025» дар ноҳия, Фирдавс Абдуллозода гузориш дода, афзуд ки амалишавии қарори мазкур таҳти назорати доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қарор дорад. Масъалаи саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ маҳсуб меёбад. Бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 26 декабри соли 2021 баргузор гардид, 5 соли ояндаро солҳои саноатикунонии кишвар номбар намуданд. Дар ин раванд то имрӯз дар ноҳия 62 корхонаҳои хурду миёна ба фаъолият шуруъ намуда, аз минтақаи кишоварзӣ ба минтақаи саноатииву кишоварзӣ заминагузории ноҳия, мусоидат намуданд ва ин то охири анҷомёбии барнома ба 100 адад расонида хоҳад шуд. Айни ҳол да ноҳия роҳҳои барқарор намудани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои масъули ноҳия ҷиҳати саривақт ҷудо намудани қитъаҳои замин барои бунёди коргоҳҳои саноатӣ, истифодаи самарноки иқтидорҳои мавҷуда, ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа, тадбирҳо андешида шуда истодаанд.

Аз рӯи дигар масъалаҳои дар рӯзномаи иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (даъвати шашум) буда, масъулон ва музокирачиён андешаҳои худро баён намуданд.

Бо назардошти баррасии масъалаҳо ва пешниҳоду тавсияҳо вакилон қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Дар интиҳо Хол Ҳайдар – муовини якуми Раиси вилояти Суғд, и.в.Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Салимзода Нусратулло баҳри пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ноҳия маслиҳатҳои судманд баён доштанд. Гуфта шуд, ки вакилон ташаббускору ташкилотчӣ бошанд, ба хотири ободии Ватан, рушди давлат аҳлона заҳмат кашида, дар амалишавии нақшаҳои пешбинашуда бо диду назари тоза, андешаҳои солим, бо амри дилу виҷдон дар ҳавзаҳои интихоботии худ саҳми содиқонаву ватандўстона гузоранд.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров