Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Силсилавохурихо дар нохияи Бобочон Гафуров

E-mail Чоп PDF

     Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров силсилавохӯриҳо бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки 22 декабри соли 2017 ироа гардидааст, идома доранд.

   

11 январ чунин мулоқот дар толори мактаби хонандагони болаёқати ҷамоати Хистеварз бо иштироки Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Чумъахон Давлатзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи иинтихоботии «Бобочон Ғафуров №14» Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ баргузор шуд.


Худи ҳамин рӯз дар ҷамоати деҳоти Ғозиён вохӯрӣ бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи иинтихоботии «С. Ӯрунхӯҷаев №15» Ахмедов Ҷаббор Ҷалолович баргузор гардид.

Дар ин мулоқотҳо аъзои гуруҳи таблиғотиб ташвиқотии Порлумони кишвар нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишварро аз 22 декабри соли 2017 ба интихобкунандагони худ шарҳу эзоҳ доданд.

Хотиррасон мекунем, ки вохӯриҳо бо интихобкунандагон оид ба шарҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 17 январи соли ҷорӣ идома меёбанд. 

                                                                                                      Хадамоти матбуоти
                                                                                 Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Ҷустуҷӯ