Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Сафарҳои кории Раиси ноҳия ба ҷамоатҳои деҳоти Хистеварз ва Дадобой Холматов

E-mail Чоп PDF
There are no translations available.

  Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ дар нимаи дуюми 13 феврал  аз ҷамоатҳои деҳоти Хистеварз ва Дадобой Холматов дидан кард.

  Зимни сафари корӣ Раиси ноҳия бо рафти корҳои сохтмонии як қатор иншоотҳои иҷтимоии ин ҷамоатҳо ошно гардид.

  Аз ҷумла Зариф Назирӣ  дар ҷамоати деҳоти Хистеварз аз майдончаҳои варзишии назди мактаб- интернати махсуси ношунавоён, варзишгоҳ ва толори варзишии болопӯшидаи ҳамин ҷамоат  боздид намуд.

  Баъдан Раиси ноҳия бо рафти корҳои сохтмонии мактаби таҳсилоти умумӣ, ки дар мавзеъи Темурмалики ҷамоати деҳоти Дадобой Холматов воқеъ аст, ошно гардид.  Мактаби мазкур аз 4 синфхона иборат буда,  барои 200 ҷои нишаст пешбинӣ шудааст.

  Дар ҷарани  сафар  Зариф Назирӣ  суръат ва сифати корҳои сохтмониро баррасӣ карда. ба масъулин ва сохтмончиён дастур дод, ки ба сифати корҳо дода шавад.

  Хотиррасон менамоем, ки тармим ва сохтмони иншоотҳои дар боло зикршуда, дар асоси муроҷиати шаҳрвандон, ки чанде пеш  ҳангоми  сафарҳои кории Раиси ноҳия ба маҳалҳо ба миён омада буд, сурат мегирад. Пешбинӣ мешавад, ки  иншоотҳои мазкур дар арафаи  ҷашни Навруз мавриди баҳарабардорӣ қарор мегиранд.

.

Хадамоти матбуоти

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

Ҷустуҷӯ