Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Табрикоти Раиси ноҳия Зариф Назирӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик

E-mail Чоп PDF

  Ҳозирини гиромӣ!

Шумоёнро бо ҷашни фархундаи касбӣ – Рӯзи матбуоти тоҷик самимона табрик гуфта,  бароятон комёбиҳо орзу менамоям.

Фазои имрӯзаи ҷомеа нишон дода истодааст, ки иттилоот барои мардум хеле зарур  ба ҳисоб меравад. Дар ин радиф касби рӯзноманигорӣ мақоми махсусро пайдо намудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: «Имрӯз матбуот ҳамқадами ҳаёт буда, ба таъмини фазои иттилоотӣ ба шаҳрвандон имкониятҳои васеъ фароҳам меоварад».


Шумо кормандони воситаҳои ахбори омма бевосита тарғибгари ҳаёти созандаи ҷомеа мебошед. Ман боварӣ дорам, ки Шумоён, баҳри тарғиби моҳияти санаҳои таърихии сол ва иқдому ташаббусҳои ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ибтикороти и.в. Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар самти  вусъат додани корҳои ободонӣ ва созандагӣ саҳми арзандаи худро мегузоред. Зеро рушди ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии аҳли ҷомеа аз фаъолияти кормандони воситаҳои ахбори омма вобастагии калон дорад.

Мардум дар симои матбуоти даврӣ мададгори худро пайдо кардаанд ва ба қобилияти Шумоён боварӣ доранд.

Бори дигар Шумоёнро бо Иди касбӣ табрик гуфта, дар ин ҷодаи пурифтихор комёбиҳо орзу менамоям.

Ҳамеша саломат ва сарбаланд бошед!

 

Ҷустуҷӯ