Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Озмуни ноҳиявии “Кайҳон аз нигоҳи ман”

E-mail Чоп PDF


 9 март, дар бинои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №32 ҷамоати шаҳраки Ғафуров озмуни ноҳиявии “Кайҳон аз нигоҳи ман” баргузор гардид.

  Дар ин озмун муҳассилини тамоми муассисаҳои ноҳия ва муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ иштирок намуданд.

  Озмун аз рӯи ду бахш - тасвирофарӣ ва расмкашӣ дар рӯи асфалт дар мавзӯи “Кайҳон аз нигоҳи ман”   сурат гирифт.

Ба ғолибони озмун туҳфаҳои арзишманди хотиравӣ супорида шуданд.

  Хотиррасон менамоем, ки озмуни мазкур  баҳри дарёфти истеъдодҳои ҷавон, ташаккул додани қобилияти эҷодкорӣ, ҷалб намудан ва бедор намудани шавқу рағбати онҳо баҳри эҳё намудани фарҳанг ва ҳунарҳои ниёгонамон, баланд бардоштани ҷаҳонбинии илмии онҳо оиди ҳодисаҳои аҷоибӣ астрономӣ бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” гузаронида шуд.


 

 

Хадамоти матбуоти

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

Ҷустуҷӯ