Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Тадқиқоти ҳаёти наврасону ҷавонон

E-mail Чоп PDF

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) тадқиқоти миллӣ   ба наврасону ҷавононро оғоз намуд.


Ҳадафи тадқиқот такя ба арзёбии эҳтиёҷоти боэътимод , вазъи гуруҳҳои гуногуни наврасону ҷавонон асоснок намуданисамтгирии зарурии фаъолият дар доираи кор бо гурӯҳи мазкури аҳолӣ мебошад. Дар раванди тадқиқот ба чор ҷанбаи вазъи наврасону ҷавонон, аз ҷумла фарогирӣ бо таҳсилоту хизматрасониҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ҳифзи иҷтимоию хизматрасонии тиббӣ, низоми қабули қарор дар оилаҳои маҳал доир ба таъмини рушди наврасону ҷавонон, таваҷҷӯҳи бештар дода шудааст.

Дар тадқиқоти мазкур се гурӯҳи мақсаднок фаро гирифта мешаванд-наврасону ҷавонон (аз 10 то 14-сола ва аз 15 то 19-сола), волидайну аъзоёни хонаводаҳо, мутахассисону коршиносон, ки бевосита дар масъалаҳои тадқиқшаванда кор мекунанд.

 

Хотирассон менамоем, ки чунин тадқиқот дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ баргузор мегардад.

 Хадамоти матбуоти

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

Ҷустуҷӯ